Бахшҳо
10 янв 2014 10:30Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳушдори мақомоти тоҷик аз оғози санҷишҳои ҷои зист дар Русия

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Русия аз моҳи январи соли равон санҷиши сабти муҳоҷирон дар “хонаҳои резинӣ”-ро оғоз карда ва бо ишора ба ин аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш кардааст, ки зимни бақайдгирӣ дар Русия боэҳтиёт бошанд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи хадамот ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки санҷиши мақомот дар пайи амалишавии қонун «Дар бораи «Хонаҳои резинӣ» дар Русия, баъди анҷоми истироҳати солинавӣ шурӯъ шудааст.

Номбурда иброз дошт, ки қонуни мазкур барои мубориза бо сабти номи сохта ва ё санади нодуруст нисбати шаҳрвандони хориҷӣ таҳия шудааст: “Дар қонуни мазкур ҷазо барои шаҳрванди Русия ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳаҷми аз 100 ҳазор то 500 ҳазор рубл ҷарима, ё ба меҳнати маҷбурӣ на камтар аз 3 сол ё маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, чунин мушкилот бештар дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва манотиқи дигари Москва ва Ленинград, ки дар онҷо муҳоҷирони тоҷик зиёданд, ба назар мерасад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, Хадамоти муҳоҷират аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш менамояд, ки қонунгузориҳои нави Русияро риоя намуда, пеш аз ба қайд гузоштан дар «хонаҳои резинӣ» аз шӯъбаҳои бақайдгирии Хадамоти муҳоҷирати федералии Русия маълумоти заруриро дарёфт намуда, баъдан худро дар қайд гузоранд ва аз миёнаравҳо ва қаллобоне, ки бо корҳои сиёҳ машғуланд, канораҷӯӣ намоянд.
Мӯҳр
Хайр адреси тозая аз кучо ёбем?? ин масъалая серёзна дида бароед. не за что каму- камбагал зарари чидди мебинад. Ин политика хамааш, аз як тараф мухочироро худашба чалб мекунад ин каллазардо, аз тарафи дигар каму- камбагала к,ир мекунад. пускай хамава 1 сол виза кунад хама бармегардем, ва аз пайи Ватан шавем. Дар байни яксол гушнагира намемурем чи гуфтед бародарон???

шухрат
Рост мегуи бародарам дилма гирифтай хами конуну конунчахои калазардон! Харчи, ки хоханд бигузор кунанд! Худо бо мост!

Хуршед
100% гапат рост Хама бояд ба ватан баргарданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)