Бахшҳо

Зоиров: "Аз таъини Холиқназаров интизории зиёде надорам"

Худойбердӣ Холиқназаров, дар гузашта намояндаи мухолифин, ки чанд соли охир муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон буд, ахиран ба курсии раҳбари ин Марказ нишаст. Вай дар ин мақом Бобохон Маҳмадовро иваз намуд, ки баъд аз барканории Сӯҳроб Шарифов таъин шуда буд. “Озодагон аз соҳибназарон пурсид, ҳоло аз таъини оқои Холиқназаров ба ҳайси раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ чиро интизоранд?


Раҳматилло ЗОИРОВ, раиси Ҳизби сотсиал-демократ:

“Аз раиси нави Маркази тадқиқоти стратегӣ шудани Худойбердӣ Холиқназаров чандон интизориҳои зиёд надорам. Аммо бояд гуфт, баъд аз Бобохон Маҳмадов таъини Худойбердӣ Холиқназаров ба ин вазифа мутобиқ аст. Агар давоми чанд сол ин мутахассис тарсу нашуда бошад. Агар бо дили пур кор кунад, фикр мекунам, барои идораи ҷараён ва муносибат бо ҷомеа аз салоҳияти худ истифода карда метавонад. Ба Холиқназаров муваффақият мехоҳам. Одами обутобёфта аст, агар ба тарафи манфӣ наравад. Вақт нишон медиҳад, ки кадом хислати худро истифода карда метавонад. Дуруст ё нодуруст истифода шудани салоҳияташро танҳо вақт нишон хоҳад дод.”

Фаррух УМАРОВ, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ:

“Интизороти ман ҳамин аст, самтҳои стратегие, ки аз ҷониби раисиҷумҳур таъин шудааст, ҳамаи он амалӣ мегардад. Бо тағйир ёфтани кадрҳо сиёсат дигар намешавад. Он мавқеи сиёсие, ки Тоҷикистон ҳоло дорад, он идома хоҳад дошт. Ягон дигаргунии радикалӣ ба вуқӯъ намепайвандад.”

Абдураҳмон ХОНОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон:

“То ҷое медонам Маркази тадқиқоти стратегӣ аз ҷумлаи мақомоте ҳаст, ки дар он элитаи зиёиёни тоҷик ҷамъ шуда ва муҳимтарин масъалаҳоро баррасӣ мекунанд. Роҳбари наве, ки таъин гардид, собиқаи хуби корӣ ва як шахсияти бисер закиву донишманд буда, инсоне ҳаст, ки аз тамоми дониши муосир бархӯрдор аст. Боз як таҳаввулот, дигаргунӣ дар ин ниҳоди ҷамъиятӣ рӯи кор хоҳад омад. Дар масоиле машғул мешаванд, ки ояндаи давлату миллат аз он вобастагиҳои зиёд дорад.”

Моро ҳамроҳӣ кунед:

Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
вв
Маркази стратеги чойи зиеиен нест рафик Хонов. Он чо чои лак-лак нест. Он чо бояд мутахассисон бошанд.

шахид
Салом,чаноби холикназаров,шуморо ба ин вазифай пурмасулият табрик мегуям ба хотири хидмат ба миллату давлат мувафак бошед устод ......

Хонов лекин хамара аз хандая кушти бо ин фикрат. Ба чои Хонов (депутати ночори) шармам омад. Короче идем в некуда с такими депутатами.

Дар Точикистон ба гайр аз Зойиров ягон одами "босавод" нест. Кучо набини, нисбат ба ки набошад, ин одам аз осмони хафтум гап мезанад. Дар вакташ Зойиров вакте хамчун мушовири Президент кор мекард, дар мачлисхо суханронихош ба тарафдории хукумат буд. Баъди аз мансаб сабукдуш шуданаш ба кавле "пустинро чаппа пушиду" ба танкиди хукумат фаъолона сар кард. Хама гап дар сари вазифа аст, хамин тавре не, чаноби Зойиров?

Ба сатхи Шарипов Сухроб ягон кас наметавонад расад....дил мехр ва дониши дорад...нотарс буд..тахлилгари ягонаи точик то хол аст....афсус...ин гуна шахсони бузургро ба чукури партофта манфиатхои миллиро химояи онхоро ба бесаводон медиханд...

Бовар
Мурод, Мурод, Ту пеш аз навиштани шарҳ ҳадди ақал боре бо тарҷумаи ҳоли муҳтарам Зоиров ошно мешудӣ... Ё бо он ошноиву вале худро ба нодонӣ мезанӣ ва мехоҳӣ, ки бо дурӯғи шохдорат дигаронро ба бероҳа барӣ... Охир ба ҳама рӯшан аст, ки Зоиров аз вазифа сабукдӯш нашудааст. Ӯ худ барои качравиҳои ҳукумат аз мансаби мушовири раиси ҷумҳур истеъфо дод ва дигар касе аз хукумат монанди Зоиров чунин кореро накардааст. Ҳама узви ҳукумати Раҳмон мансаби худро то лахзаи охир махкам медоранду мардум ва расонахо онхоро хазор бор танкид хам кунанд, "пӯсти ману табари қассоб" ва "худама кушу бузама накуш" гуфта, чойи "равғанин"и худро аз даст доданӣ намешаванд. Вале барои Зоиров адолати ичтимоӣ, росткориву поки ва хидмати софдилона ба мардум асоси буд, на мансаб. Аз ин ру вай аз мансаб худ истеъфо дод ва дигар ба хукумати Эмомалӣ Рахмон оппозитсия шуд. Хама гапхои Зоиров барои пешрафти Точикистон аст, вале барои онро шунидан гӯши суханшунав даркор...Як вактхо суханон ва пешниходхои донишманди машхур рахматӣ Тохири Абдучабборро хукумати Точикистон гӯш накард ва мо чи кадар пас мондем ва бисёр чизхоямонро аз даст додем. Аз хамон муносибати нодуруст имруз хукумати Точикистон бояд сабақ бигирад ва бояд ба суханони тамаллуккорон не, балки ба танкидгарони хукумат монанди Зоиров гӯш бидихад ва барои пешбурди сиёсат ва иктисоду фарханги Точикистон он пешниходхоро истифода намояд.

Нозим
Вокеъан-Холикназаров-бехтарин-кадр-хаст-Бо

Оббо, ин Маркази тадқиқоти стратегии будааст, дар сомонаи Озодӣ инро МТС навишта буданд, ман оро Механико тракторная станция фаҳмида будам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)