Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:01

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

10 январ 2014, 10:48

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми январ расман марҳилаи якуми Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанберо фаъол кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душнбе гуфт, ба истифода додани чунин марказ дар рӯзҳои сарди фасли зимистон барои сокинони пойтахт рӯйдоди хотирмони ва боз як қадами устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад.

Президент иброз доштаааст, ки бо оғози фаъолияти маркази мазкур, садҳо хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, шифохонаву дармонгоҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоии Душанбе бо нерӯи барқу гармӣ таъмин мегарданд: “Дар натиҷаи ба фаъолият оғоз кардани корхонаи имрӯза хатти интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи он ба зеристгоҳи “Душанбе-500” пайваст шуда, корҳо ҷиҳати пайвастани шоҳқубури гармидиҳӣ то қубурҳои мавҷудаи гармигузаронии шаҳр ба масофаи зиёда аз се километр ва дигар иншооту биноҳои маъмурии марказ идома дода мешаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки дар ин марказ бо истифода аз техникиву технологияи муосир барои безараргардонии партов, яъне меъёрҳои замонавии экологӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қаблан дуди ангишт аз полоиши барқӣ ё электрофилтр гузаронида мешавад ва баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ шуда, 99,8 фоиз безарар гардонида мешавад, ки ин нишондиҳанда ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд.

Раисиҷумҳур илова намудааст, ки ҷиҳати аз гардбоди ғализ эмин нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳри Душанбе хокистари ангишт тавассути таҷҳизоти шабакаи махсуси пӯшида барои нигоҳдории муваққатӣ ба зарфҳои алоҳидаи махсус интиқол дода мешавад: “Роҳбарияти корхона барои истифодабарии самараноки хокистари Маркази барқу гармидиҳӣ бо ширкатҳои ватании истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмон шартнома бастааст, ки чунин иқдом боиси пурра аз байн бурдани таъсири манфӣ ба муҳити зист мегардад.”

Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки навбати дуюми марказ то охири нимсолаи якуми соли равон ба истифода супорида мешавад ва шубҳае нест, ки ин кор низ бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда амалӣ мегардад.

Президент ҳамчунин илова намудааст, ки дар иншоот бо иқтидори 90 гигакалория гармӣ истеҳсол карда мешавад, ки бо чунин ҳаҷми гармӣ дар масоҳати 1,3 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин карда мешаванд: “Ба ҳолати аввали соли 2013 дар Душанбе наздики 8,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ мавҷуд буда, бо дарназардошти пурра ба фаъолият оғоз кардани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 имконият пайдо мешавад, ки иловатан боз 40 фоизи аҳолии пойтахт бо гармӣ таъмин карда шавад”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, барои беҳбуди таъмини мардуму муассисаҳо бо барқу гармӣ, соли 2012 миёни Тоҷикистону Чин созишнома доир ба бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба имзо расида буд: “Сохтмони Марказ моҳи ноябри соли 2012 бо арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ оғоз гардид ва имрӯз навбати аввали он ба истифода супорида шуд.”

Маркази барқу гармидиҳӣ аз ду дегхонаи энергетикии дорои иқтидори умумии беш аз 100 мегаватт ё худ қариб дуюним миллион киловатт-соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз иборат буда, бо истифодаи ангишти маҳаллӣ, ки захираи он дар минтақаҳои мухталифи кишварамон фаровон аст, фаъолият менамояд.


Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)

Раҳмон: Дуду хокистари Маркази гармидиҳӣ зарар намеорад (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 75

  • 10 январ 2014 12:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як маротиба ягон каси дигара навбат медода бошад ягон чизро кушояд? Гайр аз ЧО ягон одами зинда нест дар чумхури?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зик наша 75 то замоне Чаноби Оли сихату саломат аст худаш кушодан мегира кушодани инхел иншоотхо факат сазовори як одам хаст Президенти кишвар.
Посух додан
  • 76

  • 10 январ 2014 16:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Не 75 у дига тамоман сваркаш кадагияй точикистон аз манииииииииииии
Посух додан
  • Durbin

  • 10 январ 2014 16:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сад бор бади кардию шарми ту наомад,
Неки чи бади дошт, ки як бор накарди...

Ман хайрони таассуроти шумоям. Барои бехрузию бехбудии чомеа низ манфи вокуниш медихед. Бадбину бадкирдор нашавед, хаккикат хамеша руи об аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Durbin,ХИССИ БАДБИНИ НЕ ЧУРА,ПРОСТА ПАКАЗУХА БАРОИ ХАМИН К,АХРИ МАРДУМ МЕОЯ! ХАМИ ХИТОЙ-Х,ОРА БИНУМ ДИЛАМ БА ТАППИШ МЕДАРОЯ-МЕГУМ БО ЗИМИНОЯ НАФУРАШАД
Посух додан
  • диловар

  • 10 январ 2014 17:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
насиб боша ин гармидихишам на зиёда аз 1то 3 сол кор мекунад!
Посух додан
  • Тоҷикам

  • 11 январ 2014 05:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ЧунгаЧангахои сурхпуш гастербайтерони Аждахори Сурх? Точикон намонданд, ба вилояти автономи дар хайати Чин мешавем. Худочон моро дар панохат нигох дор аз ин ПингПонгу ЧунгаЧангахо!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!