Бахшҳо

Рӯймол, ҳиҷоб, ниқоб ва ё сарлучӣ?

Як гурӯҳи ҷомеашиносон дар мавриди бо кадом шакли либос ҳозир шудани зани мусулмон дар назди умум назарсанҷиеро анҷом додаанд. Бар асоси ин назарпурсӣ дидгоҳи аз ҳама озоду либералтар оид ба занҳо дар ҷомеаи Лубнон ва аз ҳама муҳофизакор ё консервативӣ дар Арабистони Саудӣ ба шумор меравад.

Натоиҷи ин назарсанҷӣ, ки миёни сокинони бархе аз кишварҳои арабию мусулмоннишин, аз ҷумла Мисру Тунис, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Лубнон, Туркия ва Покистон гузаронида шуд, дар торнамои Pew Research Center нашр гардидааст. Тибқи натоиҷи назарпурсӣ бонуи мусулмон дар ҷомеаи араб бояд, ҳадди ақал ҳиҷоб бар сар дошта бошад ва пӯшидани ниқоб барои ӯ чандон ҳатмӣ нест.

Ба иштирокдорони назарсанҷии мазкур 6 намуди шакли зоҳирии зан, аз қабили ниқобу шаклҳои гуногуни рӯсарӣ пешниҳод гардид, ки миёни онҳо навъи пӯшиши аврупоӣ бидуни рӯймол низ дида мешуд. Бештари назардиҳандагон аз миёни навъҳои ироашуда шакли рӯсариеро интихоб кардаанд, ки ранги сафед дошта, тамоми сару мӯй ва гӯшҳои занро бидуни чеҳрааш мепӯшонад.

Ин навъи рӯсариро 57%-и иштирокдорон аз Тунис, 52% аз Миср, 46% аз Туркия ва 44% аз Ироқ ҷонибдорӣ кардаанд. Агар 49%-и назардиҳандагони лубнонӣ аз пӯшидани либосҳои занонаи шакли муосиртар ҷонибдорӣ карда бошанд, беш аз 60%-и иштирокдорон аз Арабистони Саудӣ аз ниқобпӯшии занҳо тарафдорӣ кардаанд, ки ба ҷуз чашмони зан ҳама пӯшида мебошад. Инчунин, ин назарсанҷӣ нишон дод, ки тарафдорони ниқобпӯшии занҳо дар Покистон низ кам нестанд ва ҳудуди 32 дарсади иштирокдорони покистонӣ ба ҷонибдории ин намуд раъй додаанд. Беш аз 31%-и назардиҳандагон аз ниқоби суннатии рангаш сиёҳ тарафдорӣ карда, ҳар нафари чаҳоруми онҳо бошад, ба рӯймоли сафед афзалият додаанд.

Бар асоси назарсанҷии мазкур, шумораи зиёди иштирокдорон аз ҳузури зан дар ҷомеаи мусулмонӣ бо рӯсарӣ ҷонибдорӣ кардаанд. Вале дар баъзе аз кишварҳо назардиҳандагон гуфтаанд, барои занҳо бо рӯсарӣ ҳозир шудан дар назди умум чандон муҳим нест. Бахусус 32%-и иштирокдорони туркӣ бар инанд, ки зан метавонад, бидуни рӯсарӣ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шавад. Дар Тунис низ 15%-и назардиҳандагон аз ҳузури зан бидуни рӯсарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷонибдорӣ карда, 23% -и дигари иштирокдорон гуфтаанд, зан метавонад, танҳо бо бар кардани рӯймоли одӣ ба сар иктифо кунад.

Муаллифони назарсанҷӣ, инчунин, ба иштирокдорон суолҳо дар бораи озод будани зан дар мавриди интихоби навъи либосро низ додаанд. Ба озодии зан дар интихоби шакли либос 56%-и иштирокдорон аз Тунис, 52% аз Туркия ва ҳуҳуди 50% аз Лубнон овоз додаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Арабистони Саудӣ, ки бештари иштирокдорон ҷонибдори пӯшидани рӯсариҳои суннатӣ мебошанд, 47%-и назардиҳандагон аз озод будани зан дар интихоби пӯшиши либос назар додаанд. Шумораи ин навъи назардиҳандагон дар Миср ба 14 дарсад мерасад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)