Тарафдории собиқ ноиби вазир аз бисёрзанӣ ва бисёршавҳарӣ
Марат Толибоев, муовини пешини вазири кишоварзии Қазоқистон пешниҳоди қонунӣ кардани инcтитути бисёрҳамсариро кардааст. Дар ин бора Tengrinews.kz хабар медиҳад.
“Сари чанд вақт мавзӯи қонунӣ кардани бисёрзанӣ дар Қазоқистон рӯ мезанад. Ин масъала бесабаб пайдо намешавад. Занҳо аз мардон дида бештаранд. Бештари занҳо ҷуфти худро пайдо намекунанд ва танҳо мемонанд, яъне хушбахт нестанд. Онҳое, ки тасмим мегиранд, зиндагияшонро бо марди зандор пайванданд, дар вазъияти номатлуби ҳуқуқӣ қарор мегиранд: расман онҳо худро завҷаи он мардон гуфта наметавонанд, худ ва фарзандонашон ҳаққи дарёфти меросро надоранд. Ҳамаи ин барои он аст, ки дар қонунгузории мо гуфта шудааст, марди зандор наметавонад ҳамсари дигар бигирад", - навиштааст Толибоев дар саҳифаи Facebook-аш.
Ба қавли ӯ, дар робита ба ин, Қазоқистон бояд, институти бисёрзаниро қонунӣ кунад: “Аммо бо баъзе шарту шароитҳо. Аввалан, розигии ҳамаи онҳое, ки ба ин мавзӯъ дахл доранд, яъне мард, зан (занҳо)-и аввал ва завҷаи нав гирифта шавад. Бояд ҳама якдигарро бидонанд ва ба чунин тасмим розӣ бошанд. Дувум, барои таъмини баробарҳуқуқӣ бояд, бисёршавҳарӣ ҳам иҷоза дода шавад, яъне занҳо баробари мардон бояд ҳаққи доштани чанд шавҳарро дошта бошанд. Чунин ҳолат дар Қазоқистон хеле кам иттифоқ меафтад, аммо бояд чунин имконро пешниҳод кард”.
Марат Толибоев дар идома навишта, ки медонад пешниҳодаш дар мавриди қонунӣ кардани бисёрҳамсарӣ дар Қазоқистон бо мавҷи интиқодҳо рӯбарӯ мешавад, аммо афзуда, бояд ба ҳар гуфта далел овард: “Мегӯянд бисёрзанӣ ба барҳам задани оилаҳо оварда мерасонад. Мувофиқ нестам. Агар зани дуюмро бо мувофиқа ба зани якум ба хона биёред, ҳеч гоҳ оила барҳам намехурад. Оилаҳоро на бисёрзанӣ, балки набудани муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ аз ҳам мепошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |