Бахшҳо

Маҳмадов дар бораи ... бозгардондани Самарқанду Бухоро

Масъалаи бозгардондани Самарқанду Бухоро, аз шаҳрҳои қадимии тоҷикон, ки ҳоло дар қаламрав ё ҳудуди Узбакистон воқеъ аст, дар мизи гирде дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Абдураҳмон Маҳмадов, корманди Дастгоҳи иҷроияи президент, ки рӯзи 10 январ дар мавзӯи “Ватан ва ифтихори ватандорӣ” суҳбат мекард, ба ин мавзӯъ дахл намуд.

Оқои Маҳмадов гуфтааст, “дар оғози садаи 20 бо аз даст рафтани Самарқанду Бухоро ва қатлу бадарғаи афроди донишманд ва соҳиби хатту саводи миллати тоҷик руҳияи мо воқеан шикаста шуд. Аммо имрӯз агар мо бигӯем, ки рӯҳи мо шикастааст ва то Самарқанду Бухороро ба мо надиҳанд рӯҳияи худро барқарор сохта наметавонем, ин хато аст. Руҳияи мо аз нав бояд эҳё шавад, мардумро аз нав тарбия кунем.

Ин корманди Дастгоҳи иҷроияи президент афзудааст, “ин нукта собит аст, ки баъд аз сари мо фарзандонамон низ ормони Самарқанду Бухороро дар дил хоҳанд дошт. Вале руҳия ва ғурури миллиро аз сари нав тарбият кард ва ҷасоратро ба мардум баргардонд. Зеро миллати тарсу ба ҳеч коре муваффақ намегардад.” Ба таъкиди профессор Абдураҳмон Маҳмадов, “шикастани рӯҳияи як миллат саҳл, вале барқарор кардани он мушкил аст.” Вай дар идомаи сӯҳбат гуфта, ки насли Шӯравӣ то ҳол арзишҳои он давронро муқаддас меҳисобад, то ҷое ки ватандорӣ ва ифтихори миллиро аз он зовия мебинанд. “Аммо дар бештар аз 20 соли истиқлолият, арзишҳои муқаддастаре падид омадаанд, ки бояд инҳоро қадр кард”,-таъкид доштааст ӯ.

Силсилаи мизҳои мудаввар таҳти унвони “Ватан ва ифтихори ватандорӣ” дар як моҳ як бор баргузор мешавад. Дар ин мизои мудаввар масъулон, доишмандон ва донишҷӯён иштирок ва бо ҳам суолу ҷавоб мекунанд.

Мӯҳр
Точикистони нав
Чаноби корманди дастгохи президент, рафта мана ба ин одамон дар бораи рухияи милли гап занед: https://www.ozodagon.com/14295-ushdori-maomoti-toik-az-oozi-sanishoi-ayd-dar-rusi

ya.html
Аз кучо рухияи милли эхё мешавад, вакте миллат гастарбайтер аст? Шумо ба миллат нон дода наметавонед, ба мо дар бораи рухия гап мезанед.
Дигар ин ки корманди дастгохи президенти як кишвар бояд бо забони дипломати гап занад ва дар чунин шароити вазнин муносиботи мо бо кишвари хамсояро бадтар накунад.

Усома
Мухтарам,Махмадов дар бораи рухияи милли хеле хуб кайд намудед,аммо дар холи хозир шуморо мебояд аз манфиатхои мухочирони мехнати дар Русия,ки хамаруза аз тарафи хар гуна "локу пуст"-рус мавриди тахкиру тазйик карор мегиранд,химоя намоед ва баъдан масъалаи Самарканду Бухороро бигузор мардуми хамончо бо майли худ хал намоянд.Бе ин хам мо Ватани худро ба хар куфор таксим дорем.

336
Дигар кор надорен 20 сол шуд хама саргардон кувваи барк дар хонаи сокинони пойтахт ба чои 220 150 ват аст газ нест кор нест маош нест (пасттарин)нарххо баландтарин маршруткахо ифлос шахрхо кишлок шудаистан 2.Бо шиками гурусна,тани ларзон,тарсуи кучо меравем ва кобилияти фикррониро хам гум кардаем

Самарқанду Бухоро
Иншоаллох, мегиремшон!

Дониш Бухоро
Рӯҳия ва ғурури миллиро дар симои чашмтангони мақомот ҷӯед, рафиқ Маҳмадов! Ба Самарқанду Бухоро сару кор нагиред, монед оромона зиндагӣ карда бештар рушду такомул ёбанд.

Нозим
Масъулият гар набошад, гуфтахо афсона аст,
Бе амал ман-мании мо кушиши девона аст.

Ифшо
Мо ба баргардондани заминхои худ бо умед нигох мекунам, аммо дар мавриди фурухтани заминхо ба Чин чи кор кунем? Аз ин гирифта, ба он дихем магар ин аз руи мантик аст?

Бародарон! Боре аз мардуми он шахрхо пурсидаед, ки нияти хамрохшави бо шуморо доранд ё не? ин махмадовхо тамоми вазифахои давлативу чойхои кории хубро байни хешу табор ва. хамшахрихояшон таксим кунанд, самаркандиву бухороихо ба чи кор машгул шаванд? Шумо хушёр бошед, точикистони имрузаатон бо ин сиёсати давлатдориатон пора нашавад.

DARVESH
Janob i beaqlro az kujo baqab karday???

хондани акидахои ин бародарон як дард аст.чи шумо аз пофесор донотаред?фаромуш накунед,ки гирифтани ин мулкъо осон нест дахсолахо бояд таргибот кард ва ман шодам,ки професор корро огоз кард

"арзишҳои муқаддастаре падид омадаанд, ки бояд инҳоро қадр кард". Хамин арзишхо чи бошад чаноби профессор-файласуф? Раксу бози?Махалароии сартосари? Сарвати як давлатра ба ихтиёри як хонвода додан? Ришваситони ва вазифахари?

Самаканду Бухорм бароварда Точикистона ба онхо якчо кунем шояд сиёсат нисбати мардуми одди нагзтар шавад!

ДИОГЕН
МАХМАДОВ БЕШТАР МУАММОХИ ДАР ДАВЛАТ БУДГИРО ХАЛ КУНЕД ШАХРИ КАСРО БА ХОЛИ ХУД МОНЕД

Дилшод
Уху, кани ин хабарро як хонам, чи гап аст. Эххеееее гузарондед-ку, чанобон! Пойро аз курпа берун дароз кардед! Хайр, ман як маслихат дорам: Агар то имруз аз хизмати харби гурехта гардам хам, лекин барои гасби Самарканду Бухоро бо чону дил розиям. Ба ман ба чойи ин белу каланди мухочири як яроки оташфишони хуб дихед, майлаш-ми? Лекин баьди истилои ин ду шахр ягон номарди нашавад, зеро онхоро ба Хитой мефурушем, Точикистонро бо барки доими таьмин мекунам. Инчунин, яке лутф кардаву рохи чониби дехаи моро низ аз ин хисоб асфалтпуш мекунед, охир!

Биё хонаи равшани хамунорам торик накнем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)