Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:28

Таҳдид ба тарафдорони Зайд Саидов дар Маскав (ВИДЕО)

10 январ 2014, 14:35

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, нафароне, ки ахиран дар ҳамоиш ба тарафдории Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда дар Маскав ширкат доштанд, аз ҷониби афроди номаълум мавриди таҳдид қарор гирифтаанд.

Иззат Амон мегӯяд, бархе аз иштирокдорон тариқи телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ паём гирифтаанд, ки ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз болои ташкилкунандагони ҳамоиш ба тарафдории Зайд Саидов шикоят баранд ва таъкид кунанд, ки либосҳои варзиширо бо аксу талаби озодии Зайд ғайриихтиёр пӯшидаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ҷавонони тоҷики муқими Маскав барои ҳимоят аз Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон, як ҳамоиш баргузор намудаанд.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, зимни суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳамоиш бо ҳузури беш аз 100 ҷавони тоҷик 5-уми январ дар маҷмааи варзишии "Масква" зери шиори “Ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама” баргузор гардид.

Иззат Амон таъкид кард, ки мақсад аз баргузории ин ҳамоиш изҳори ҳамраъйӣ бо Зайд Саидов ва норозигӣ аз ҳама он масхарабозиҳое, ки гирди номи ӯ ташкил шудаанд: “Касоне ин ҳама масхарабозиро анҷом медиҳанд, бидонанд, ки бо ҳама кӯшиш натавонистанд исми поки Зайд Саидро олуда гардонанд. Зайд як фарзанди фарзонаи миллат буд, ҳаст ва хоҳад монд. Аммо касоне, ки ин ҳама тавтиъаро бар зидди ӯ барпо карданд дар назди мардум ва таърих ҳамеша шарманда хоҳанд монд”.



Додгоҳи Олӣ Зайд Саидовро 25-уми декабр ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” моҳи майи соли гузашта боздошт шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман низ аз ин хукумати худкома ва хукми золимонаи у норози хастам. Лекин як чизро кайд кардани хастам, ки хамин ИЗЗАТ як шахси худхоху харис аст. Хамеша ва дар хамачо мехохад биниащро халонад ва аз худ шахсият созаду аз вирди забонхо шавад. Мутмаинам, ин тахдидоте, ки дар борааш мегуяд дуруги махз буда...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!