Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:56

БМ қатъи кору бепулии банкоматҳоро ба бебарқӣ рабт дод

10 январ 2014, 15:02

Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти сокинони кишварро дар мавриди набудани маблағи нақд дар банкоматҳои “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Амонатбонк”-ро тариқи телефони боварӣ дастрас карда, феълан онро ҳал намудаанд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Бонки Миллӣ баъди гирифтани шикояти сокинони шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб оид ба кор накардани банкоматҳо дар ҳамкорӣ бо кормандони масъули бонкҳои хизматгузор масъалаҳои бамиёномада бо андешидани чораҳои фаврӣ ҳал гардиданд: “Тавре маълум гардид, банкоматҳои мазкур бинобар сабаби қатъ шудани барқ ва нуқсони техникӣ муваққатан аз фаъолият бозмонда буданд, бо кӯшишҳои муштараки масъулин дар муддати аз як то якуним соат дубора фаъол гардонида шуданд.”

Дар ҳамин ҳол масъулини бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон низ тасдиқ намуданд, ки баъзан банкоматҳо дар аввали моҳ бепул мемонанд, зеро аксари маошу нафақагирон аввали моҳ маблағашонро мегиранд ва масъулини бонк баъзан саривақт наметавонанд банкоматҳоро бо маблағи нақд таъмин созанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фаридкн

  • 10 январ 2014 21:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хахахах дар хами чаам Озодагон аз бобои хасан тарсид . ман шахсан муштарии Ориён бонк хастам ягон вакт надидам ки банкомати ориёнбонк маблаг дошта бошад ва Озодагон бошад аз тарс номи Ориёнбонкро нагирифт

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!