Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:36

Муфтии Тоҷикистон дар намози ҷумъа: "Барвақт хатна кунед"

10 январ 2014, 15:36

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост, дар интихоби ном ва хатнасури саривақтии фарзандонашон бетаваҷҷуҳӣ накунанд. Абдулқодирзода рӯзи 10 январ зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, дар интихоби номи фарзанд диққати ҷиддӣ дода, бояд номҳои беҳтаринро гузошт.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз суханони паёмбар иқтибос оварда, таъкид кард, ки номи шахс ҳатман то ҷое дар хислати соҳибаш таъсиргузор мебошад: “Паёмбар гуфтанд, ҳар нафаре, ки Шумо ном мегузоред, барои ӯ насибе аз номаш ҳаст. Пас, бояд номҳои нек гузошт.”

Инчунин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба масоили хатнасури фарзанд дахл карда, аз саривақт иҷро нашудани он дар ҷомеа ибрози таассуф кард. Ӯ таъкид кард, "фарзанди мусулмон бояд дар ҳафтрӯзагӣ дасташ ҳалол карда шавад".

“Дар мо баъзан тифл қариб ба балоғат мерасад, баъд дар фикри хатнасури ӯ мешавем. Ҳатто бархе аз волидайни тоҷик ба хотири имкон надодани шароит барои баргузории маъракае ба ин муносибат, хатнасури фарзандашонро ба таъхир мегузоранд, ки ин ғалат аст”,-афзуд ӯ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хатнаро хам ба 18-солаги набурданд, ин хуб аст.
Чаро раиси шурои уламои давлатии Точикистон Абдулкодирзода дар масъалаи хатна аз суханони пайгамбари худо (с) истифода бурданду вале дар мавриди намоз аз пайгамбар (с) мисол оварда манъ кардани чавонони то 18-соларо ба масчид махкум накарданд.
Мансаб чизи ширин аст ва маълум ки баъзан аз мусусмони хам боло меистад
Посух додан
  • Дустдори хак

  • 10 январ 2014 16:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О ин муфти мухтарам кай чуръат кардаст,ки холо мекунад. Кайхо бовари мардум аз ин муфти канда аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БИСЁР ХУБ КАЙД КАРДЕД.
Посух додан
  • Точикак

  • 10 январ 2014 20:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афанди, ки се бор дуругин хонаам сухт гуфта мардумро безобита кард, дафъаи чахорум хонааш сухт мардум бовараш накарданд. Ин мардакам як бор дуруг гуфт, дигар рост гуяд хам як подозрительный хаст, ки хаст. Обруро рехти дигар хасруба нест, ки чоруб занию чамъ куни, як обест (решааш об ва руй), ки дигар натавон чид ба зарф, тахи замин рафт дигар....
Посух додан
  • Фаридун

  • 10 январ 2014 21:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин Саидмукарам ягон бор гап намезанад ки чи ба то 18 сола дар масчид манъ кардед
Посух додан
  • Muhammad

  • 10 январ 2014 23:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мукаррам тамоман шарм надорад,Паембар С.С то 18-сола муъминонро аз масчид ман карданатонро медид, чи мегуфти ва бо кадом ру ба пшаш мерафти? Е ин ки зани мусалмони точик имруз хакки масчид рафтанро надорад,модаронро махруми хонаи Худо кардед, чи чавоб мегуи хамчун пешво? Тайери дидаи?
Посух додан
  • Яздонсиришт

  • 11 январ 2014 09:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пайгамбар нагуфтааст,козии мухтарам,ки хамаи уматтонамро номи арабии барои мардуми гайриарабро гузоред!Номи неку дилхоху зебои ба фахмро гуфтааст.Пас чи гап хаст,ки дар кишвар аз тарафи равияхои иртичои чанд сол боз бо номхои зебои точиконаи Рустам,Сухроб,Нурофарин,Манижа,Гурдоварид,
Посух додан
  • Фирдавс

  • 11 январ 2014 09:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон, раиси шурои уламон на ин, ки Муфти
Илтимос хато накунед!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ку хаму домлохои ки чанде пеш буданд, дар Мадраса. Моне охи кам кам амри маъруф кунан, и чи гапай, факат охи манам манам на ман манам, на аввал дора гапут на маъно, Хурмати хонаи Худову, Хурмати Мадраса, о баи бесаводитон кучо бурдестен халка. Парвардигор, олиму доност, аз хар гап бохабар аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МУХТАРАМ АБДУЛКОДИРЗОДА НИГАРОНИ ХОЖИХОИ РИЁКОРАСТ. ХОЛ ОН.КИ МИЛЛАТИ ЗИРАКИ ТОJIK БЕЗОРАНД АЗ ИН ГУННА ХОЖИЙКЛИЧКА ВАЛЕ БОРЕ НИГАРОНИ АЗ ОН НЕСТАНД.КИ ТО 18-СОЛА МАСЧИД МАНЬ АСТ ОЁ ХАМИНАСТ НИГАРОНИ ВА ПУШТИБОНИИ МИЛЛАТИ АЗИЗАМОН???????????????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алейкум муъмину мусалмонон!

Чаноби Муфти чаро моро ба намози чумъа рафтан дар вакти кор намегузоранд, шумо боше хапп карда мешинед, дар минбари масчид ффакат суханоне, меронед, ки онро кудакон хам медонанд ва таърифу тахнияти бисёр аз хукумат мекунед?, ки бар зиди конунхои ислом, конун баровард?
Посух додан
  • kiwi

  • 7 март 2014 18:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
man 23 solam ammo to hol bekhatnaam, har sari vaqt, khudro toza meshuyam, yagon problema nest dar zindagi... padaru modarro hurmat mekunam, dustoni bosadoqat doram, oimaam rosi az man ast. guyed, chi man baroi in holatam, dushmani khudo hatsam mi?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!