Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:47

Рэп ва садои баланди мусиқӣ дар мусофирбарҳо: Бошад ё набошад? (ВИДЕО)

11 январ 2014, 09:42

Дар пайи дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи манъи рэп ва садои баланди мусиқӣ дар мусофирбарҳо, “Озодагон” аз баъзе роҳгузарон дар хиёбонҳои пойтахт пурсид, то чӣ ҳад бо шаҳрдорӣ розиянд.

Раиси шаҳри Душанбе ахиран дастур додааст, дар нақлиёти мусофирбари пойтахт баландии садои мусиқӣ ва муҳтавои сурудҳо зери назорат гирифта шаванд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор намудааст, дар ҳудуди Душанбе, аз пахши мусиқиҳои ғайритарбиявӣ, ки боиси беэҳтиромии арзишҳои миллию умумибашарӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ҷилавгирӣ карда шавад.

Аксари назардиҳандагон аз ин тасмим пуштибонӣ карда, гуфтанд, бояд хеле барвақт лаҷоми ронандагон кашида мешуд. Ба қавли онҳо, бархе аз ронандагон мусиқиро бо садои баланд гузошта, ба ишора ва ҳарфи мусофирон аҳамият намедиҳанд.

Аммо дар ин қатор онҳое низ буданд, ки аз садо додани мусиқӣ дар мусофирбарҳо тарафдорӣ карданд. Ин гуруҳи назардиҳандагон гуфтанд, баъзан садои мусиқӣ ба мусофирон низ мақбул аст ва набояд ба тамом монеи он шуд. Дар гузашта низ шаҳрдории Душанбе барои поин овардани садои мусиқӣ ва манъи пахши мавъиза ё амри маъруфи рӯҳониён дар мусофирбарҳо иқдом карда буд.

НАЗАРИ СОКИНОНРО ДАР НАВОРИ ЗЕР БУБИНЕД:




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Зафар Курбанов

  • 11 январ 2014 10:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахсан ба фикри ман бошад. дар наклиёти мусофирбар ба чуз родиё чизи дигар ичоза дода нашавад, зеро ин чамъияти аст, як одам дард дорад, гам дорад. асабони аст, ва ё ягон мушкилоти дигар дорад, ки албатта ба у макул нест. бахусус инсон дарв акти бемадори, асабони уммкинаст ки дилозурда шавад. Чихати дигари бадбахти инаст. ки ронандагони мо умуман фарханги ронандаги ва мусофирбари надорад. Севум инки Конуни танзим ва е масъулияти падару модар дар кишвар танхо ба хотири мачид нарафтан амали шуда истодааст. Як бор макомот назар андозад, аз 90% бештари кандукторони ин наклиётхо хам кудакони давраи мактаби хастанд, ки ба мактаб намераванд ва тарбияи каму заъиф дошта, конуни масъулияти падару модарро поймол менамяод, ва фарханги шахри, мусофирбари ва ё умуман муносибату муоширатро надоранд, бо лахни бад. суханхои баъзан фахшщ ва дагалона рафтор намуда, мусофиронро хам пулашонро мегиранду хам боз паст мезананд. хохишмандам масъалаи кандукторони то сини 18 соларо низ Хукумат бинад, о конуни масъулият хаматарафа кор кунад охир!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • мехроч

  • 12 январ 2014 22:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чи лозим садои баланди мусики дар мусофиркашон чойи лозима ки омада мерасем то дод назанем намеистанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Садои баланди мусики ва рэп дар мусофиркашхо хуб нест. Аввалан, мизочи мусофирон хар хел аст, ба яке, агар маъкул бошад, ба чанд нафари дигар писанд нест. Дуввум, он сурудхое, ки имруз дар мошинхо садо медиханд, аз руи маънову мантик хеле харобанд, ва аксари онхо аз шеърият хеле дуранд, яъне ин ба ном "сурудхо" завки бадеии шунавандаро конеъ намекунанд. Сеюм, ба чои халоват бурдан ин "сурудхо" одамро боиси харобии маъниву оханг асаби мекунанд. Дигар, ба мошин одамони касал, асаби, ба чое шитобанда савор мешаванд, ки барояшон чунин "мусики" "болои мурда сад чуб" мешавад. Бинобар ин садои баланди суруду мусики дар мусофирбархо салох нест.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!