Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Ҷавоби Кишварзода, муовини додситони кул, ба Кабирӣ

11 январ 2014, 09:56

Додситонии кулл ба номаи Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҷавоб навишта, овозаҳо дар мавриди шиканҷа шудани аъзои боздоштшудаи ҳизбашро рад кардааст. Раиси ҲНИТ қаблан бо ирсоли як нома ба унвони ин ниҳод аз шиканҷа шудани Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, ду узви боздоштшудаи ин ҳизб дар Исфара, шикоят карда, ибрози ташвиш намуда буд.

Дар посухи Додситонии кулли Тоҷикистон ба раиси ҲНИТ, ки бо имзои Кишварзода, муовини аввали додситони кулл ирсол гардидааст, аз ҷумла омадааст: “Дар рафти санҷиши ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва усулҳои ғайриқонунӣ аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуҳуқи ноҳияи Исфара ҳангоми боздошт ва тафтиши пешакии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҷиев ва Иброҳимов ошкор карда нашудааст.”

Ин ниҳод мегӯяд, чунин шикоятеро низ аз ҷониби вакилони мудофеи афроди боздоштшуда дастрас кардааст. Вале аз сабаби ошкор нашудани ҳолатҳои қонуншиканӣ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Исфара аз кушодани парвандаи ҷиноӣ худдорӣ мекунад.

Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, ду сокини ноҳияи Исфара барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд. Ин ду сокини ноҳияи Исфара авохири моҳи октябри соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт ва ба муддати 15 шабонарӯз ҳабс шуда буданд. Вале ҳанӯз қабл аз адои ин ҷазо, мақомоти қудратии вилояти Суғд ин ду узви ҲНИТ-ро ба ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷунбиши исломии Узбакистон айбдор намуда, ба ҳабс гирифтанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷаноби Кишварзода Шумо вакили Маҷлиси Намояндагон аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хатман мурочиатнома ба номи Призидент ва мачлиси намояндагон дар борайи ташкил намудани я комиссиен аз намояндаги Халк 4 нафар,ва избхо як нафари,вакилони парлумон. Ин гурух бо ичозати призидент шикояти Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, ва дигар Шикоятхо аз болойи органхо санчиш гузаронанд.Имруз шумо Вакилони халк Хак доред шикояти халкро назорат карда ва ба як Хулса буроред Призидент ва Давлати Точикистонро начот дихед аз бедодихои кормандони ҳифзи ҳуҳуқи.Говсудиро бархам дихед,шиканҷа ва беконуниро як тараф кардан даркор.Базе вазироне ки ба гайри дузди дигар ягон корро намедонанд бархам бояд шуд.Агар шумо ва дигар вакилони Маҷлиси Намояндагон бошед

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!