Бахшҳо
11 янв 2014 10:38Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Саидов дар бораи лағви баҳои “5” ва худкушии 79 ноболиғ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим гирифтааст, баҳои панҷро, ки барои хонандаҳои аълохон дар макотиби миёна гузошта мешуд, аз байн бурда, ба ҷояш баҳогузории 100-холаро таъин кунад. Дар ин бора Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм, дар ҷаласаи солонаи Вазорати маориф хабар дода, гуфтааст, “Академияи таҳсилот зарурати ба баҳогузории 100-хола гузаштанро бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои мутамаддин тасдиқ намуд.”

Вай афзудааст, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф бояд роҳҳои гузариш ба низоми нави баҳогузориро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна таҳқиқ карда, баъдан аз натиҷааш ба вазири маориф ва илм хабар диҳад. Оқои Саидов дар идома дар бораи ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ сӯҳбат кардааст. Вай гуфтааст, ҳарчанд дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таълимию методӣ қабул гардидаанд, вале дар Тоҷикистон ҳанӯз норасоии омӯзгорон, барнома ва маводи таълимии ёрирасон, муҳайё намудани шароити таълимӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд вуҷуд дорад.

Вазири маориф дар ҷаласаи солонаи ниҳодаш аз таҳсил дур мондани хонандагон, бахусус духтаронро, яке дигар аз мушкилоти асосӣ донистааст. Ба қавли ӯ, тафтиши онҳо маълум карда, ки “яке аз омилҳои аз мактаб дур мондани хонандагон ин дур будани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ аз ҷои зисти хонандагон мебошад”. “Дар ин самт 25 июли соли 2013 ҷиҳати ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба унвони раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуб фиристодам”,-афзудааст ӯ.

Ба қавли вазир, давоми 11 моҳи соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 682 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 137 ҷиноят (25,14 %) бештар аст. Инчунин, ба иттилои ӯ, тайи 11 моҳ 79 ноболиғ худкушӣ кардаанд, ки 40 нафарашон духтарон ва 39 нафарашон писар мебошанд.
Мӯҳр
az joyivazkunii jamshavandakho hosili jam tagir nameyobad. vazir tu boyad ba siyosati behtar kardani sifati talimot chi dar maktabi miyona va oli kushish kuni na ba siyosati bahoguzori. sohai maorifi umruza nisbati sohai maorifi badi Jangi Buzurgi Vatani ham pastar shudast. lek bo in ham sharm nakarda guyo ki hama 100% dar sohai maorif baxusus va dar Tojikiston dar umum.

Мухтарам кормандони сомонаи Озодагон вактеки хабарро омода мекунед, кушиш кунед то холисона мавзуро тахия кунед ва дар охир аз чи сабаб ин ходисахо руй додааст ва бо кадом максад ин фочиа анчом ёфтааст акалан чизе аз он муайян созед, то хонанда хабарро хонаду пурра аз он бархурдор шавад ва хулосаашро барорад. Дар хабар гуфта шудааст, ки 4 нафар шахрвандони Точикистон бар асари як сухтор дар шахри Москов ба халокат расидаанд, аммо ончо кайд нашудааст, ки ин ходиса чи тавр рух додааст. Оё ин фочиа аз сахлангори руйдодааст ё ин ки баркастона?

ман бо бахои панч мехондам. имруз гастарбайтер дар россия.

БАХОТ 5 еее бахшищ 100

Яке аз Устодони физик гуфта буд! Агар Вазорати маориф-ро хамчун як майдонча фикр кунем. Ин майдонча ВАЛАНГОР аст. Ин дар вакти А.Рахмонов Вазир будан буд. Акнун дар вакти Саидов вазир шудан ин майдонча на валонгор аст, балки ба биёбон ва харобазор табдил ёфтааст. Агар ЧО ин вазирро аз вазифаш нагирад аз Вазорат сар карда то тамоми Донишгоххо ва мактабхои миёна ба бесоибихо табдил меёбад. Мисоли ин гуфтахои ман Ин факултаи Физикаи ДМТ мебошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)