Бахшҳо
11 янв 2014 21:06Тоҷикистон / Сиёсат

ВУХ-и Тоҷикистон дар бораи тирпаронӣ дар марзи Исфараю Бодканд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте тирпаронӣ дар марзи кишвар бо Қирғизистонро шарҳ дод. Мақомоти вазорат гуфтаанд, тирпаронии нисфирӯзи 11 январ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз шурӯъ шуда, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷони худ ҷавоби онҳоро додаанд.

Дар ин изҳороти Вазорати умури хориҷӣ, ки шоми шанбе интишор шуд, омадааст, ҷониби Тоҷикистон аз чунин амалкарди марзбонҳои қирғиз сахт нигарон буда, истифодаи нерӯро роҳҳали масъалаҳои муҳим намедонад. "Фикр мекунем, чунин бархӯрди ҷониби Қирғизистон, баръакс, бародариву ҳамсоядории халқу миллати тоҷикву қирғизо, ки тӯли асрҳо боз барқарор аст, халалдор мекунад",-таъкид шудааст дар изҳорот.

Дар пайи тирпаронии рӯзи 11 январ, ки миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара рух дод, се марзбони тоҷик, аз ҷумла як подполковники нерӯҳои марзбонӣ, захм бардоштаанд. Неъмат Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло ин марзбонҳо дар бемористонанд ва ӯ чанд лаҳза пештар аз ҳоли онҳо хабар гирифтааст. “Онҳо ҳоло дар шӯъбаи эҳёгарӣ ҳастанд”,-афзуд ӯ. Оқои Олимов дар идома гуфт, ҳоло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оромист ва музокриоти ду ҷониб идома дорад. Вале ӯ гуфт, ҷузъиёти музокирот барояш рӯшан нест. “Мақомоти марзбонии ҳарду ҷониб барои хатми тирпаронӣ хеле талош карданд. Дарҳол ба ҷои ҳодиса сардори шӯъбаи умури дохилӣ ва масъулони Идораи амнияти Суғд омада буданд. Муҳим ин ки ҳоло оромист, вале намедонем, давомаш чӣ хоҳад шуд”,-гуфт Неъмат Олимов.

Қаблан, манобеи “Озодагон” дар Исфара гуфта буданд, дар ҷараёни тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз сокинони ҷамоати Хоҷаи Аъло ба ҷои амнтар кӯчонда шудаанд. Масъулони ҳукумати шаҳри Исфара низ дар сӯҳбат бо Озодагон гуфтанд, дар ин бора иттилоъ гирифта, зуд ба Хоҷаи Аъло, маҳалли даргирӣ омадаанд. Аммо онҳо то кунун дар ин замина изҳори назар накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Оқсойи вилояти Бодканд дар лащзащои авали тирпаронь ба расонаҳои қирғизӣ гуфтаанд, ин даргирӣ гӯиё баъд аз ворид шудани нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳудуди манзили як сокини ин деҳа оғоз ёфтааст. Онҳо гуфтаанд, “сокини деҳаи Оқсой аз ин кор шубҳа мекунад ва дар натиҷа низоъ сар мезанад. Баъд ба ҷои ҳодиса марзбонҳои Қирғизистон меоянду якбора тирпаронӣ мешавад.” Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, панҷ марзбони Қирғизистон марҷуҳ шуда, табибон машғули ҷарроҳӣ ва муолиҷаи онҳоянд.

Қабл аз ин, дар охири соли 2013, миёни сокинони ҷамоати Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд дар натиҷаи оташ задани як манзили зист ва чойхона низоъ ба вуқуъ пайваста буд. Таърихи 15-ум як нуқтаи таъмини сӯзишвории сокини деҳоти Чоркӯҳ ва рӯзи 17-уми декабр як ошхонаи сокини деҳаи Оқсой дар натиҷаи баҳси дутарафа оташ зада мешавад. Ин сӯхторҳо боиси нооромии вазъият гардида, соати 22-00 17-уми декабр сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд роҳи мошингарди Исфара-Ворухро баста, чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро латукӯб низ кардаанд.

Сокинони Оқсой шарт гузоштанд, ки танҳо дар сурати иҷоза додани Тоҷикистон барои бунёди роҳи алтернативии Қирғизистон масири Ворух-Исфараро боз хоҳанд кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сокинони Исфара гуфта буданд, ба ҳеч ваҷҳ барои сохтмони ин роҳи алтернативӣ иҷоза нахоҳанд дод. Вале баъд аз гуфтугӯи ҳайати давлатии Қирғизистон бо сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд роҳи Ворух-Исфара боз шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.
Мӯҳр
Чаноби оли як хо бгу шерамардои фронти халкира то Казокистона срка ин киргизои алкаша мерасонем

Ин провакатсияро сад дар сад аз тарафи Россиярохандози шудааст бо хамин бахона нияти сархадоти мора гирифтанист

аскар
Комиссия чи корро буд кардда бошад ки тирпарони сар шудааст? Ин чи хел комиссия бошад ва раиси он ки буд?

Саид
солдат, Фронти халки не! Шермардони кухистони Тавилдараву Рашт чанд сол пештар собик кумандони Фронти халки Махмуд Худойбердиевро то Узбакистон сур карда бурда буданд! Бо и салдатое, ки холи дорем хама аблавашуда Худо медонад, ки ба садои тир бпоян!

Самарқанду Бухоро
Ассаломуалайкум! Худоё сархадбонони точикро ва ахолии н. Исфараро дар панохи исматат нигох дор! Омин! Шояд, ки ин кори дасти хоричихо бошад ва онхо бо ин корашон мехоханд миёни точикону қирғизхо равғар резанд ва ин ду кишвари дусту хамсояро ба хам чанг андозанду худашон аз як тараф тамошо карда нишинанд. Ва ба фикрам ин кори дасти яке аз хамсояхои мост. Номашро ба фикрам хама медонад.....

Студент
Чи бало, чанг сар шуд? sad

Марзия
"сокини деҳаи Оқсой аз ин кор шубҳа мекунад ва дар натиҷа низоъ сар мезанад" Аз кадом кор?

Саид,
mahmud vakte ba xujand daromad polki suhrobu sedoyu mchs-30 foiza hej kor karda natonistan hamin fronti xalki bo langarievhovu cholovhovu sangakihovu milisahoi dushanbe rafta zada zada surshon kardan.

Акмал
Барои чи Шумо дар Озодагон танхо аз фоидаи халки бегона менависед тфу бар шумо барин точикосолдат,

чанг аввал аз тарфи киргизхо сар шуд шумо менависед, ки точико саркард худо занад хамаатонро

Се нафар аз мо низ сахт ярадор шуд бо шумо навистед, ки ба хонаи киргиз сархадбонхои мо даромадас инро алакай дар адмнистрация Боткан истифода мекунанд

Ба фикрам Алимардонов ичозат дод. барои сохтани рох,. хаминхел миш- миш шудаистодааст.

Хаким
Се нафар сархадбони ТОЧИК низ ярадор шудааст. Озодагони мухтарам, акалан дар хамин рузхо сиёсататро яксу гузори ба манфиати Точикистон гузоришхо навис! Хакикат чониби мост ва инро сокинони наздимарзии киргиз Оксойихо тасдик мекунанд! Сарбаланд бошед!

Самарқанду Бухоро
Бародароне, ки аз Хочаи Аъло мебошанд, хохишмандам номхои шахсони ярадоршудаи точикро ва аз кадом нохия буданашонро менавистед. Рахмат!

TJ
Русия чанд сол боз мехохад ки дар Исфара як кисми харбии 201 ро чой кунад

точик
Алимардонов дар пулхисобкуни зур аст, дар переговор ин одам намешавад. Натичаашро худатон дида истодаед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)