Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:02

Мауто аз Равшани Кӯлоб ба Истиқлоли Душанбе омад

11 январ 2014, 16:03

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо нимҳимоятгари ганагӣ (ғаноӣ) Девид Мауто барои як сол қарордод имзо кардааст. Мауто ду соли охир дар ҳайати дастаи “Равшан”-и Кӯлоб фаъолият дошт.

Рустам Ҳакимов, котиби матбуотии дастаи “Истиқлол” гуфт, Девид Маутои 22-сола баъд аз имзои қарордод ба назди пайвандонаш ба Гана рафта, 20 январ ба сафи бозигарони ин даста хоҳад пайваст. Ба қалви ӯ, бозигари нави “Истиқлол” таҳти рақами 14 ҳунарнамоӣ мекунад.

Девид Мауто, футболбози ганагӣ, бар асоси назарсанҷии торнамои “Варзиш-Спорт” бозигари беҳтарин дар Тоҷикистон дар соли 2013 дониста шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухлис

  • 11 январ 2014 16:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эхххх Хоинеееее.....))))) Истиклол хеч вакт Равшан шуда наметавонад.
Посух додан
  • Фара

  • 11 январ 2014 17:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо бояд якчоя шавем ва барои химояи Модару Падар Зану Фарзанд ва Хохфронамон шавем то кай интавр давом мекунад !!Мухлис,
Посух додан
  • Самарқанду Бухоро

  • 11 январ 2014 18:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй "Озодагон"!!! Барои чи матлабхои дар бораи Исфара навистаро нест карди?! Алооо... "Озодагон" туро мегуям, магар намефахми?! Магар гушхоят каранд?! Магар аз касе метарси...? Чоооооооооооп!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • 007

  • 11 январ 2014 20:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам такдири тими Равшан хал шудаги ва ба пурраги метавон гуфт,ки Равшан на танхо аз АФК даст мекашад ва хамчунин аз иштирок дар чемпионати Точикистон низ худдори мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЗОДАГОН САЛОМ. БАРОИ ЧИ КОММЕНТИ МАРО ЧОП НАМЕКУНИ. ТУ ЧИ ХЕЛ "ОЗОДАГОНИ" АЗ ТАРСИДАНАТ МАЪЛУМ КИ ТУ ҲАМ МЕТАРСИ.
МА ДИНА НАВИШАТМ КИ ИН МАРДУМ БА ҲЕҶ РОҲ РАВШАНИ КУЛОБА ШИКАСТА НАТОНИСТАНД. РОҲИ НАВА ЁФТАНД АКНУН БОЗИНГАРОША БО ПУЛИ КАЛОН МЕХАРАД Ё СПОНСОРША ДАВИТӢ МЕКУНАНД.
Посух додан
  • Sher

  • 13 январ 2014 09:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони гироми!!! Барои чи хоин!!! Ин хаёти футболбози аст!!! Барои Маутои ганаги хам карьера зарур асту хам маблаг. Мехохед як умр дар "Равшан" бимонад!!! Худихоро тарбия кардан лозим..худихоро..Бо оши хамсоя туй дода намешавад. Пагох ягон контракти равганин пайдо шавад, Мауто аз "Истиклол" хам меравад...Ягон зарра хафа шудан лозим нест..Аммо Мауто дар футболи точик, бахусус, дар рушди футболи шахри бостонии Кулоб накши боризро (калонро) бозид. Садхо кулобибачахои наврас ба Мауто таклидкунон туброни мекунанд. Бинед баъди як-ду сол аз дастпарварони мактаби шахри Кулоб садхо Мауто мебарояд..Хеч гох хафа нашаведу дар бораи Мауто гапхои пасту баланд назанед..Равшан агар хохад, аз Мауто зуртарашро меёбад...Сонишба боз суоле хам хаст, ки оё Девид он чуноне, ки дар "Равшан" мебозид, дар "Истиклол" бозида метавониста бошад?! Ана гап дар кучост....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!