Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:35

Парванда барои тирпаронӣ ва 2 нотаи Бишкек ба Душанбе

12 январ 2014, 21:37

Қирғизистон дар робита ба тирпаронӣ миёни марзбонҳои қирғизу тоҷик, ки нисфирӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар марзи Хоҷаи Аълои Исфара ва Оқсойи Бодканд иттифоқ уфтод, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора “Вечерний Бишкек” бо такя ба Курсан Асанов, ноиби вазири умури дохилии Қирғизистон, ки ба гуфтаи нашрия, ҳоло дар Бодканд қарор дорад, иттилоъ додааст.

Оқои Асанов гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон низ дар ин замина парванда боз намуда, барои таҳқиқи мунсифонаи қазия омодагияшро баён доштааст. Вале то ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон ин иттилоъро тасдиқ ё такзиб накардаанд.

Ноиби вазири умури дохилии Қирғизистон гуфта, ки рӯзи 12 январ вай бо баъзе аз намояндагони мақомоти расмӣ, аз ҷумла Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, сӯҳбат доштааст. Ба қавли Курсан Асанов, дар ҷараёни музокирот гуфта шудааст, ки бояд ба қазияи тирпаронӣ баҳои воқеӣ дода шавад. “Мо қарор кардем, таҳқиқоти мунсифона бурда, гунаҳкорони аслии ин тирпарониро мушаххас кунем”,-афзудааст ӯ.

Тирпаронӣ миёни марзбонҳои Қирғизистону Тоҷикистон нимрӯзи шанбеи 11 январ сурат гирифта, аз ду ҷониб ҳудуди 10 захмӣ боқӣ гузоштааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шоми шанбе бо пахши изҳороте ҷониби Қирғизистонро дар оғози тирпаронӣ муттаҳам карда, далели задухӯрдро аҳдшикании қирғизҳо барои идомаи сохтмони роҳи алтернативии ин кишвар дар замини Тоҷикистон номидааст.

“Ба аҳду паймони дар рафти комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба демаркасия ва делимитатсияи сарҳад (7 январи соли ҷорӣ) дар бораи боздоштани корҳои сохтмонӣ дар роҳи “Кокташ-Оқсой-Тамдик” нигоҳ накарда, 11 январи соли 2014 бо истифода аз силоҳи оташфишон ҷониби қирғизистонӣ кӯшиши идома додани корҳои сохтмонӣ дар ҳудуде, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, кард. Ҳолати вайрон кардани сарҳади давлатиро мушоҳида карда, марзбонони Тоҷикистон аз марзшиканон талаби қатъ кардани корҳои сохтмониро карданд. Дар ҷавоб ба талаботи ҷониби тоҷикистонӣ, марзбонони қирғиз, дар теъдоди то 20 нафар, сараввал дашномҳои қабеҳ ба марзбонони тоҷикистонӣ гуфта, баъдан бе огоҳии пешакӣ ба ҷониби онҳо пуршиддат тир кушоданд. Дар натиҷа ду марзбони тоҷик ҷароҳат бардошта, дар ҳоли ҳозир дар беморхонаи ҳарбӣ қарор доранд. Дар ҳолати ночорӣ ва бо мақсади муҳофизат аз ҷони худ марзбонони тоҷикистонӣ дар ҷавоб тир кушоданд”,-навишта шудааст дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Вале мақомоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар посух ба ин изҳороти ҳамтоёни тоҷики худ дарҳол ду нота фиристода, аз истифодаи силоҳ миёни марзбонҳои ду кишвар, ки ба бовари қирғизҳо гӯиё аз тарафи тоҷикҳо шурӯъ шудааст, норозигӣ кардаанд. Ҷониби Қирғизистон аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таҳқиқи якҷояи тирпаронии 11 январ дар марзи ду кишвари ҳамсояро талаб карда, муҷозоти гунаҳкорони қазияро тақозо намудааст.
Дар яке аз ин нотаҳо гуфта шудааст, Қирғизистон дар пайи ин задухӯрди мусаллаҳона марз ва гузаргоҳҳои гумрукӣ бо Тоҷикистонро низ бастааст. Ба қавли мақомоти қирғиз, ин тасмим бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз низоъ ва таъмини амнияти сокинони навоҳии наздимарзӣ гирифта шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • точик

  • 12 январ 2014 23:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Марзбонони точик аз руи конуни сархадбони рафтор намудаанд ва аз сиесатмадорон хохиш ки барои обу- руи худ шуда шербачахои точикро боз зиндон накунанд. Киргиз дар хилаю найранг бахо надорад. Хушер шуда боз бачхои далеру ватадустро дар пеши душман хору зор накунед ва рухияашонро нашиканед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хотири ба эътидол овардани вазъияти сиёсии байни давлати Точикистону Киргизистон, ки санаи 12 январи соли 2014, оиди вокеахои рухдода дар марзи ин ду кишвар дар дехаи «Хоча Ааъло»-и шахри Исфара вохурии расмии намояндагони Точикистону Киргизистон барои муайян намудани омилхое, ки боиси ба миён омадани мунокиша байни марзбонони харду чониб рух дода, вохури ва музокирот аз тарафи намояндагони расмии байнидавлати доир гардид.
Чониби Чумхурии Точикистонро котиби Шурои амнияти давлатии Чумхурии Точикистон Каххоров А.А., муовини Вазири корхои дохили Рачабов И. ва Прокурори харбии Гарнизони вилояти Сугд Мирзоев С., аз тарафи Чумхурии Киргизистон бошад, чонишини Вазири корхои дохили Асанов Курсон Сатарович ва Сардори Ситоди кушунхои сархади Искендер Мамбеталиев намояндаги доштанд.
Дар рафти баррасии казияи мазкур чонибиТочикистону Кирғизистон ба мусолиха омаданд, ки фаъолияти марзбонон аз руи речаи хамарузаи кори аз хардучониб барохмонда шавад. Пурзуркунии кувва ва воситахо дар хати сархад хотима бахшида, теъдоди хизматчиёни харби вакормандони макомотикорхои дохили низ кам карда шавад. Минбаъд дар марзи харду кишвар фазои орому осуда хукмфармо бошад.
Карори созишномахои байни Хукумати ЧумхурииТочикистон ва Чумхурии Киргизистон, кисанаи 9-январисоли 2014 ба имзо расидааст, мавриди амал карор додашуда дар ин замина фаъолияти хатсайрхо дар якчояги ба рохмондашавад.
Макомотхои салохиятдори харду кишвар корхои фахмондадиҳиро бахри пешгири намудани хар гуна амалхои игвогарона дар байни мардум гузаронанд то ки ба миллатгарои ва хусумату бадбини хотима бахшанд.
Чонибхо ба хулоса омаданд, ки казияи мазкурро прокуратурахои харби бараси намуда дар доираи конунхои амалкунада ва санадхои байналмиллалии эътироф намудаи ҳарду ҷониб чора андешанд.
Бахри дустию бародари ва якдигарфахми санаи 13-январи соли чори намонядагони мақомоти корҳои дохилӣ ва сархабонони харду кишвар дар шаҳри Боткени Чумхурии Кирғизистон ва санаи 14-январи соли равон ин хайати кори вохурии худро дар шаҳри Исфара бахри боз хам пурсамар ба рох мондани карору созишномахои байни давлати вохурихо судманд доир менамоянд.
Айни замон вазъият дар махаллхои ахолинишини байни сархади ором ва муътид буда, чонибхо кӯшиш ба харч дода истодаанд, ки якдигарфахми рафокату дустии чонибхо пойдор буда ба амалхои зишт рох дода нашавад.
Хадафи асоси ин пойдории сулх, таъмини амният байни харду кишвар ва муборизаи беамон бахри рох надодан ба ифротгарои, терроризм гардиши гайриконунии маводи мухадир ва чиноятхои трансмилли мебошад.
Посух додан
  • озод

  • 13 январ 2014 11:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин гапхои дар фазои дустию бародари зиндаги кардан маьне надоранд. Киргизу Точик хеч гох еру бародар набуданд ва намешаванд. Сарконун аст ки якпорчагии давлатро нигох доштан даркор. Ин гапхои кухнаи шуравиро партоеду сархадро мустахкам кунед. Зурро хама хурмат мекунад барои он ки аз вай метарсанд. Ин шиори асри 21 аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фурсат ганимат халки Ворух
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тарафи киргиз борхо созишномаро имзо мекунаду лекин корро тибки донисту раводидаш ба сомон мерасонад, аз ваъдахояш набояд форигбол шуд. Хамин тавр оста- оста бешар аз 100 хазор га замини ачдодии точиконро сохиб шуда, мардумро аз рох, об, чарогох ва дигар машгулияти дехкони махрум кард. Холо мехохад ин экспансияи хазандагиро идома дихад. Мардум албатта аз ин рафтор рози нестанд.
Посух додан
  • Карим Исмоилов

  • 8 апрел 2014 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро мардуми Киргизистон ба гунохи кардаашон икрор намешаванд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!