Бахшҳо

VIDEO: Қисми зиёди бозори "Саховат" ба коми оташ рафтааст

Шаби гузашта қисми зиёд ё аслии бозори марказии шаҳри Кӯлоб, ки бо номи “Саховат” маъруф аст, ба коми оташ рафтааст. Чанде аз сокинони Кӯлоб бо хабаргузории “Озодагон” тамос гирифта, дар ин бора иттилоъ доданд.

Ба қавли мусоҳибони мо, сӯхтор тақрибан соати 23:30-и 12 январ иттифоқ уфтода, бештар раф ё гузари матоъфурӯшонро ба коми худ фурӯ бурдааст. Сӯҳробшои Фаррухшо, сухангӯи ҳукумати Кӯлоб, низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, “барои хомӯш кардани сӯхтор оҷилан 16 автомашинаи сӯхторнишонӣ, чор мошинаи обкаш ва ду мотопомба сафарбар шуда, баъд аз се соат сӯхтор хомӯш карда шуд.”

Оқои Фаррухшо мегӯяд, бар асоси тахминҳои пешакӣ сӯхтор гӯиё аз ҳисоби расиши ноқилҳо дар яке аз нуқтаҳои фурӯш ба амал омадааст: “Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин сӯхтор 96 мағоза ва 382 нуқтаи савдо зиён дида аст. Масоҳати бозори “Саховат” дар маҷмӯъ 3,1 га-ро ташкил мекунад, ки ба ғайр аз қисмати фурӯши либос ҳамчунин дорои бинои пӯшидаи савдои маводи ғизоӣ низ мебошад, ки ин қисмати бозор осеб надидааст.”

Мақомот мегӯянд, айни замон барои рӯшан кардани иллати аслии сӯхтор комиссияи давлатӣ таъсис ва таҳқиқи фоҷеа оғоз ёфтааст. Дар гузашта, моҳи марти соли 2009 низ, ҳудуди 20 дӯкони бозори “Саховат”-и Кӯлоб сӯхта буд.


Ин навор аз Ютюб гирифта шуд:

Мӯҳр
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Хар шом, ки ояд зи паи он сахаре хаст.

Худоё мушкили ин бандагонатро осон кун!!!

бояд касе чавоб гуяд акалан раиси шахр ва раиси бозор аз кор озод шаванд...

бо комира вазифа дар кор шид, ай дастаи и яхел шкамхрора хонаи чанд мусалмон сухт, то кай итари корои ношоиста мекнан и вазифадустора нахо амтари кнен кош бо чзои мардакора бар гардонен афсус умедворам Худованд дар дили чаноби оли инсофро меандозад то ки ин зарардихандахора беназорат нагузоран

аз Кулоб
свет набуд ин чи хел аз барк мешавад,
Ин Бозор посбон надошт, ки аз чор тараф сухт

сохибкор аз кулоб
озодагон, кадом мусохибони шумо инчунин хабари аблахона доданд. хабарнигори худатон кучо шуд, ки хабар намедихаду аз корманди хукумат сухробшо, ки барои хукуматдорон сухангуи мекунад, интервю мегиред. хонаи мардуми савдогар сухту ино бошанд мегуянд дар 2-соат сухтор хомуш карда шуд. имон надоранд ин хукуматихо. озодагон, шумо аз кормандони худатон истифода баред, на аз хукуматчихо.
барои фахмидани асли вокеа Пайку СССР шояд маълумоти аник диханд.

Хонандагони гироми худ казоват кунед Чаро бозори Корвон сухт??? Чаро бозори Кургонтеппа сухт??? Чаро бозори Кулоб сухт??? ин навбат Бозори Хучанд месузад сабабхояш маълум боз кадом мансабдоре сумаш зиёд шидаст ки мехохад дар инча Магазин кунад. Бовар кунед инро ташкил кардагиян шояд шояду шояд чунин шуда бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)