Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:17

Муъминова: 22%-и тоҷикистониён миёнаҳоланд

13 январ 2014, 12:53

Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи як пажуҳиш муайян кардааст, ки 22 дарсади аҳолии кишварро табақаи миёнаҳол ташкил медиҳад.

Фарида Муъминова, муовини раиси МТС имрӯз, 13-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, пажуҳиш, ки барои муайян кардани теъдоди умумии миёнаҳолон ва ширкаташон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ миёни намояндагони соҳибкорӣ, кишоварзӣ, хизматчиёни давлатӣ, тиббу маориф ва савдогарон гузаронда шуд, нишон дод, ки 22 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба табақаи миёнаҳол дохил мешаванд.

Муъминова таъкид намуд, ки синни миёнаи намояндагони табақаи миёнаҳол 41 сол мебошад. Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон аз рушд накардани синфи миёна дар Тоҷикистон интиқод намуда, таъкид мекунанд, ки дар кишвар сол аз сол фосила миёни қишрҳо, бойу камбағалҳо васеътар мешавад. Тибқи иттилои расмӣ айни ҳол дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ 38 дарсадро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!