Бахшҳо

Писари домулло Муҳаммадӣ дар бораи ҷашни мавлуди паёмбар

Шоми 12 ба 13 январи соли ҷорӣ дар тамоми кишварҳои мусулмоннишин аз мавлуди Муҳаммад (с), паёмбари Ислом, таҷлил карданд. Дар ин рӯз аксар вақт пайравони дини Ислом бо қироат ва фиристодани дуову дуруд ба паёмбари худ машғул мешаванд.

Бештари таҷлилкунандагони ин ҷашн мегӯянд, ба хотири ибрози муҳаббат ба паёмбари худ, аз ин рӯз истиқбол ва онро гиромӣ медоранд. Аммо Абдулалии Муҳаммадӣ, писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, яке аз руҳониёни шинохтаи тоҷик, дар ин бора назари дигар дошта, бар ин ақида аст, ки беҳтарин навъи ибрози муҳаббат ба паёмбар (с) пайравӣ ва итоат аз гуфтаҳои ӯст.

Оқои Муҳаммадӣ, ки дар саҳифаи шахсии худ дар Фейсбук дар ин бора ибрози назар кардааст, мегӯяд, “дар диёри мо одат шудааст, ки ҳар сол моҳи мавлуди Расули акрам(с)ро ҷашн мегиранд ва бо баргузории маҳофил ва фиристодани дуруду салом ёди ӯро гиромӣ медоранд, яъне изҳори муҳаббат менамоянд. Агарчӣ хуб аст, вале шарти муҳаббат итоат ва пайравист.”

Абдулалии Муҳаммадӣ аз он ибрози таассуф менамояд, ки ҳоло дар ҷомеаи мусулмонони тоҷик, расму оин ҷои суннат ва гуфтаву фармудаҳои паёмбарро гирифтааст: “Имрӯз барои ҳама маълум аст, ки мусулмонон на дар амал пайравӣ аз Паёмбар (с) доранд на дар ахлоқ, расму ойинро бар Суннат тарҷеҳ додаанд. Вақте чунин аст аз ин ҷашнгириҳо чӣ суд? Бо ҳалво гуфтан ки даҳон ширин намешавад.” Ин руҳонии тоҷик бар ин аст, ки пайравони дини мубини Ислом бояд тавассути амал ва итоат муҳаббаташон ба паёмбари худ (с)-ро нишон диҳанд: “Ҳар касе мехоҳад, пайрави паёмбар (с) бошад ва Худо ӯро дуст дорад ва рӯҳи Муҳаммад (с) аз ӯ шод ва розӣ бошад, пас бояд, ба иҷрои ин амалҳо, панҷвақт намози бо ҷамоат дар масҷид, даъвати аҳли хонаводаи хеш ба фармудаҳои Худо, хондани намози таҳаҷҷуд дар шаб, рузҳои душанбе ва панчшанбе рӯза доштан бишитобад.”

Мавлуди паёмбар (с) ҳар сол 12-уми рабеъ-ул-аввал фаро мерасад, ки имсол ба таърихи 12 ба 13 январи соли 2014 рост омадааст.
Мӯҳр
абду
дар маҳфилҳое ки ба хотири мавлуди пайғамбар(с) баргузор мешаванд аз ҳалвогуии олимони мо даҳони ҹамъомадагон албатта ширин мешавад иншоаллоҳ! дар ин мавлудхониҳо мардум ҳамсояву ёру дўстонашонро даъват мекунанд ки дар байни онҳо шахсони бенамозу аз пайғамбар(с) ноогоҳ низ зиёданд ва ва чунин маҳфилҳо барои огоҳиву ислоҳи чунин шахсон метавонад сабаб шавад.ин домулло бо ин суханонаш барои ислом хизмати хирсона мекунад.

Абдуло
МашаАллох дуруст аст Бехтарин

бехтарин суханон гуфтанд бародари азиз худованд шуморо доимо хакгую илматонро зиёд гардонад. амин

бандаи Худо
Мавлуди Паёмбарамон Хазрати Мухаммад салаллоху алайхи васаллам барои тамоми мусулмонони дунё муборак шавад!
Офарин хазрати домулло Абдулалии Мухаммади, чазакАллоху хайран касиро!

Ташакур.домлои хоити

Ҳаққо, ки ин домулло дуруст мегӯяд! Аз ҷашнгирифтани мавлуди пайғомбари Худо (дуруди Худо бар Ӯ ва олаш) фикр мекунам аз сӯи касоне қабули Ҳаққ мешавад, ки сидқан бошаду риё не ва пайравони фарзу суннат бошанд! Ба андешаи банда Худову Расулаш аз ҷашнгирони мавлуд дида тавбакорон ва мардони ботақворо меписанданд. ХУДО ДОНОСТ!

ХАКИКТ
Домуллои мухтарам суханони мантиқии худро иброз карданд, вале паёми Расули Худоро ба мардум расондан ин вазифаи Уламои ДИНИ ИСлом аст, ки мардумро аз хурофот ва тахалуфот берун биёваранд. мардум бояд ки аз хазрати Мухммад (С) пайрави кунанд ин болотар аз расму русумот аст. Бештари мардуми мо бо сабаби холигихои дини руз то руз ба хурофот дода шудаанд. То замоне, ки хукумати ТҶ дин ро дар махдуд мекунад мушкилоти дини мардум бештар мешавад ва ин ояндаиш ба худи хукумат зарарашро мерасонад

Ахмад
Мошааллах бехтарин

Мавлуди Наби Саллаллоху ъалайхи ва олихи ва асхобихи ва салламро бар хамаи мусалмонон муборак бод мегуям.

бас кун дарвеш!
Бо хамин хоити ва хитои гуфтанат аз ислом дур шиди. паёмбарат кавмгарои кунад рав хамон паёмбаратро мавлуд кун. корат ба паёмбари мо набошад!!!!

MAvlud muborak... Lekin dar GOOGLE 14 January nishon metiad ku....)) Tamoman namefahmi in dunyoro!!!абду,

Сухани хакро гуфтед !

laylo
Agar xiyoloti in mullo dar jomeai tojik amali shavand, on vaqt boyad intizor dosht ki nasli musulmoni tojik dar oyanda nomi Payghambarashro ham nadonad, chi rasad ba in ki uro shinosadu az guftahoyash payravi kunad! Yake az barodaroni azizamon durust qayd kardand, ki: "ba'zeho ba Islom xizmati xirsona mekunand!"
Panoh bar Xudo!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)