Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Қатъи таҳсили 200 донишҷӯи тоҷик дар кишварҳои арабӣ (ВИДЕО)

13 январ 2014, 14:57

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ба далели ноамниҳо дар кишварҳои Араб дар соли 2013, 200 донишҷӯи тоҷик бозпас ба Ватан оварда шуда, ба далели тағйироти кадрӣ дар Эрон ирсоли донишҷӯён ба ин кишвар низ муваққатан қатъ шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 13-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ Амрохон Алиев, мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода, афзуд: “Мо қариб бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон инчунин бо кишварҳои араб гуфтушунид ва муносибатҳои хуб дорем. Аммо ягона талаботи Вазорати маориф ин аст, ки агар дар он кишварҳо оромӣ бошад ва амнияти шаҳрвандони моро таъмин карда тавонанд. Дар ҳамин сурат мо омода ҳастем, ки донишҷӯёнамонро ба онҷо фиристонем”.



Алиев илова кард, ки Вазорати маориф бо Эрон шартнома дошта, ҳамасола зиёда аз 250 нафар барои таҳсил ба курсҳои гуногун фиристода мешаванд: "Ягон мушкил байни ин ду кишвар нест. Барои тағйироти кадрие, ки ахиран дар Эрон сурат гирифт, ҷониби Эрон фиристодани донишҷӯёни худ ва қабули донишҷӯёни моро ба таъхир гузошт.”

Ин масъули маориф таъкид намуд, ки дар муассисаҳои олии Эрон бисёр ихтисосҳои муфид барои Тоҷикистон таълим дода мешаванд: “Мо ба онҳо пешниҳод кардем, ки ба ҳамин тахассусҳо ҷавонони моро ба таълим фаро гиранд. Онҳо ҷавоби рад надоданд ва мо интизор ҳастем, ки кай намояндагони Эрон толибилмони моро барои таҳсил ба Эрон ҷалб менамоянд.” Вазорати маориф ва илми кишвар гуфт, аллакай зиёда аз 300 нафар довталабони тоҷик ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд ва мунтазири омадани намояндагони Эрон мебошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • муйсафед

  • 13 январ 2014 15:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакте мо чавон будем мегуфтанд то шамол нашавад бед намечунбад. Макомоти эрони дар сиёсатбози ва ёфтани гап устоданд ва макомоти точик дар дуругросткуни аз устодони зронии худ кам намеоранд. Яке як бора чи шуд ки хам сангтуда 2 аз кор монд, хам кабули донишчуён ба таъхир афтод? чунонеки мегуянд зери коса хатман нимкосае хаст......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Савол ба раиси Кумитаи дин ва Вазири маориф барои чи тамоми мадрасахои исломи дар точикистон баста шуд Кумитаи дин мегуяд айби Вазорати Маориф аст Вазорати Маориф мегуяд ин бастги аз Кумитаи дин дорад ин нагмабозихо аслан аз чониби кист ? Кумитаи дин ва ё Вазорати маориф ?!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!