Бахшҳо

Тақдири ширкатҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?

Аз боздошти Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки солҳои охир дар Тоҷикистон низ сармоягузорӣ мекард, беш аз ду ҳафта сипарӣ мешавад. Мақомоти Эрон ӯро барои таҳияи санади ҷаълӣ ё қалбақӣ барои интиқоли ду миллиарду 60 миллион евро пули нафти ин кишвар муттаҳам медонанд, ки ба қавли Занҷонӣ гӯиё тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ирсол шудааст.

Иттилое, ки Бонки миллӣ ҳам онро ба шиддат рад карда, мегӯяд, Бобак Занҷонӣ чунин амалиёти пулиро анҷом надода буд. Ҳоло аз Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон КонтБонк ва ширкати Asian Express боқӣ мондааст. “Озодагон” аз иқтисоддонҳову ҳуқуқдонҳо ва масъулон пурсид, дар сурати ҳамин тавр дар боздошт мондани Занҷонӣ сарнавишти ширкатҳои ӯ дар Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?


Рамзия МИРЗОБЕКОВА, хабарнигори "Asia-Plus":

“Ба гуфтаи КонтБонк, Бобак Занҷонӣ саҳми худро ба онҳо фурӯхтааст, вале то кунун Амрико таҳримҳои ин бонкро соқит накардааст. Гӯиё ӯ аслан фаъолият надошту надорад. Аммо Осиё Экспресс алакай фаъолият намекунад ва чигуна далеле, ки дар ширкат пеш наоранд, маълум аст, ки идомаи тиҷорат барои онҳо мушкил аст. Чун даромадашон хароҷоташонро намепӯшонад. Акнун ҳам касе нест ин тиҷорати сердаромадро пеш барад. Мисле ки зоҳиран ширкати ҳавоии Осиё дар Тоҷикистон дигар вуҷуд нахоҳад дошт. Тибқи бархе маълумот, онҳо алакай ҳатто ҳавопаймоҳоро ба Душанбе ворид карда буданд, ки якчанд моҳ мешавад дар дохил буд, вале баъд маҷбур шуданд онҳоро барои парвозҳои дохилӣ ба Эрон фиристанд. Чун ба онҳо иҷозатномаи парвозҳои байналмилалиро ба хотири таҳримҳо надоданд. Дар маҷмӯъ хулоса мешавад, ки ин тиҷорат дар Тоҷикистон рӯ ба нестӣ мениҳад.”

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, таҳлилгари масоили иқтисодӣ:

“Бобак Занҷониро барои он дастгир карданд, ки беш аз 2 миллиард еврое, ки аз ҳисоби фурӯши нафт ширкаташ ба даст оварда буд, ба Эрон гӯиё баргардонида буд, вале ҳамон вақт Амрико таҳрим карду ин пулҳо дар роҳ монданд. Вақте таҳримҳоро Амрико бардорад, шояд ин пулҳо ба Эрон биоянду Бобакро ҳам озод кунанд. Албатта, ширкатҳои Осиё Экспресс ва КонтБонк метавонанд дар Тоҷикистон кор кунанд. Вале мумкин дар роҳи пул додани мардум ба ин ширкатҳо мушкил пеш ояд. Зиндонӣ шудани ӯ ба фаъолияти ширкатҳояш дар Тоҷикистон то андозае зарарнок хоҳад буд.”

Зафар АБДУЛЛОЕВ, иқтисоддон:

“Ин аз имконияту хоҳиши давлати Тоҷикистон вобаста аст, ки чи кор мекунад ё намекунад. Албатта, масъулин ҳам худ гуфтаанд, ки Занҷонӣ дигар раиси ин ширкатҳо нест. Вале ба фикри ман расидан ба ин ширкатҳо лозим нест чун ин соҳаҳое ҳастанд, ки дар Тоҷикистон камёбанд. Бигзор Бобак Занҷонӣ барои мардуми Тоҷикистон кор кунад, агар маҳдудияти ҳуқуқӣ надошта бошад. Он ширкатҳое, ки Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон дорад, бояд зери номи ҳамон одамоне, ки онро идора мекунанд, фаъолият кардан гиранд. Ин ба манфиати ободии Тоҷикистон аст.”

Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили парлумон:

“Аз рӯи қонунҳои иқтисодӣ вақте шасхе зиндонӣ мешавад, ӯ муовинони худро дорад, ки фаъолиятҳои тиҷораияшро идома медиҳад. Ширкатҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ ҳам бошад, ҷонишинони худро доранд, ки дар ҳамингуна ҳолатҳои зиндонӣ шудан, фавтидан ва қобилияти корияшро гум кардан, агар дар фаъолияташ ягон ҷиноят набошад корашро давом медиҳанд. Агар дар амалҳояшон ҷинояту қонуншиканӣ бошад, тафтишот гузаронда шуда хулосаҳо бароварда мешавад.”

Абдуғаффор ҚУРБОНОВ, сардори хадамоти матбуотии Бонки миллӣ:

“Ин масъала ба мо тамоман дахл надорад. Тақдири ширкатҳояш чӣ мешаванд, намешаванд, дигар ниҳодҳо масъуланд. Ҷавоби ин саволро сухангӯи ҳамон бонк метавонад бигӯяд. Агар соҳиби Контбонк ҳануз ҳам Бобак мебуд, мешуд дар ин бора чизе гуфт.”

Абдуқаюм ЮСУФОВ, ҳуқуқшинос:

“Аз рӯи таҷрубаи мавҷудбудаи ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар, агар маблағҳои таъсиси Осиё Экспресс ва Контбонк бо роҳи ҷиноят ба даст омада бошанд, аз ҳисоби амволи ин ширкатҳо мусодира карда мешаванд. Аз тарафи он давлате, ки ин маблағҳо дар онҷо бо роҳи ҷиноӣ ба даст омада бошанд.”
Мӯҳр
Чамшед
Суханони Вакили Мачлиси Оли Талбаков чунон сода ва бемантик ифшо ёфтааст. Наход хамин гуна андешарони намояд вой бар холи ин халку миллат. Бояд ин гуна шахсхо чунон акида дошта бошанд, ки аз шунидану хондани он инсон каноатманд гардад аз рафти андешаронияш. Гуё ин вакил тамоман аз хаёти сиёсию иктисодии кишвар бехабар аст.

Аз хоби гарон хез ВАКИЛ (Расул Г)

хамаи ин махз дуруг аст. хам конт бонк ва хам эйшн экспресс фаъолияти худро давом доранд. ба гайр аз ин ба ягон махдудият ва мушкили низ дучор нашудаанд. хама дар чахорчубаи конун аст ва инро шумо баъд аз чанд руз хохед донист.

Zanjoni
Mablaghi azoni kivu, takdiri onro kiho hal karda istodaast " Korshinoson":)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)