Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Ҷароҳати Шарифов ва наҷоти 10 миллион дар сӯхтори “Саховат”

13 январ 2014, 16:39

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯхтори бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, ки шаби 12-уми январ сар задааст, расиши кӯтоҳи ноқилҳо мебошад ва инро шоҳидон низ таъйид кардаанд.

Ба иттилои манбаъ ҳангоми хомӯшу даргиронии қувваи барқ шарораи аз ноқилҳо ба амал омада, ба болопӯши селофании нуқтаи савдо афтида, сабаби сар задани сӯхтори шадид гардид: “Сӯхтор дар як фурсати кӯтоҳ масоҳати 3028 метри мураббаъро туъмаи оташ гардонид.”

Вазорати умури дохилӣ шаҳрвандон Файзов Валӣ, Файзов Тӯрахон Валиевич, Файзов Зоирхон Валиевич ва Шарифов Шӯҳрат Маҳмадович сокинони шаҳри Кӯлобро аз шоҳидони лаҳзаҳои аввали ҳодиса хонда, афзуд, ки “Файзов Валӣ вақте мебинад, ки аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои қувваи барқ нуқтаи савдо оташ мегирад, ӯ зуд ҷомаашро кашида, ба хомӯш кардани сӯхтор мешитобад ва шаҳрванд Файзов Тӯрахон бошад, бо мақсади хомӯш кардани қувваи барқ, бо асои дар дасташ буда, онҳоро ҷудо карданӣ мешавад. Шаҳрванд Шарифов Шӯҳрат Маҳмадович бошад, дар вақти хомӯш кардани сӯхтор аз бӯи ғализи он беҳуш мегардад ва бо кӯмаки кормандони милитсия зуд ба беморхона дастрас карда мешавад.”

Манбаъ афзуд, ки дар хомӯш кардани ин сӯхтор зиёда аз 1400 нафар ихтиёриён, инчунин кормандони прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Кӯлоб дар маҷмӯъ 2000 нафар иштирок намуданд: “Сӯхтор соати 2-15 дақиқаи шаб хомӯш карда шуда, ба маблағи 10 миллион сомонӣ молу амволи соҳибкорон аз нобудшавӣ наҷот дода шуд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачаб гапи хандовар, о ин чи гуна сухтор будааст,ки вакте бо "ЧОМА"-куштан мумкин будаасту инкадар сухтори бадвохима ба амал меомадааст? Пас чаро мошинхои сухторхомушкун сари вакт хозир нашуданд?? кароче сказка все! мардумба чавр накунед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом мегуфтед дар кулоб то соатичандаст барк шаб
Посух додан
  • Darvesh

  • 14 январ 2014 05:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ba Vazorati korhoi dokhila hamin jumlaro sharh medoded!!!
....Вазорати умури дохилӣ шаҳрвандон Файзов Валӣ, Файзов Тӯрахон Валиевич, Файзов Зоирхон Валиевич ва Шарифов Шӯҳрат Маҳмадович сокинони шаҳри Кӯлобро аз шоҳидони лаҳзаҳои аввали ҳодиса хонда, афзуд, ки “Файзов Валӣ вақте мебинад, ки аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои қувваи барқ нуқтаи савдо оташ мегирад, ӯ зуд ҷомаашро кашида, ба хомӯш кардани сӯхтор мешитобад ва шаҳрванд Файзов Тӯрахон бошад, бо мақсади хомӯш кардани қувваи барқ, бо асои дар дасташ буда, онҳоро ҷудо карданӣ мешавад. Шаҳрванд Шарифов Шӯҳрат Маҳмадович бошад, дар вақти хомӯш кардани сӯхтор аз бӯи ғализи он беҳуш мегардад ва бо кӯмаки кормандони милитсия зуд ба беморхона дастрас карда мешавад.”
.....Mekhostem hami afsonaro sharh medod??? Ором,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсус Озодагон номи муаллифи ин хабарро нанавиштааст, набошад шахсан ба у мурочиат мекардам. Охир дар вакти навиштани ин хабар худатонро ханда нагирифт? Шарм надоштед, ки чунин хабари дуругаш аёнро навиштаву нашр намудед? Охир вакте алангаи оташ хануз хурд буду ин аввалхои сухтор буд онро магар ду нафар хомуш карда наметавонистанд? Оё мо намедонем ки дар соати 23 30-и шаб ,ки мувофики навиштахо сухтор дар ин вакт сар задааст, хатто кувваи барк дар шахр хомуш карда мешавад? То кай бо чунин сафсатахо майнаи мардуми оддиро пур карда мегардед? рузноманигор бояд объективна масъаларо барраси намояду баъд ба мардум расонад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!