Бахшҳо
13 янв 2014 16:58Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Шӯрои адлия дар бораи мустақилияти додрасҳо ва қазияи Зайд Саидов

Масъулони Шӯрои адлияи Тоҷикистон рӯзи 13 январ аз додрасҳои кишвар даъват карданд, ки дар фаъолияти рӯзмарраи худ мустақил бошанд.

Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлия, дар ҷараёни нишасти хабарии худ дар Душанбе гуфт, тамоми фаъолияти давлат ва ниҳодҳои масъул ба он равона гардидааст, ки дар асл мустақилияти додрасҳо (судяҳо) дар Тоҷикистон таъмин карда шавад. “Баланд бардоштани маош, муҳайё кардани шароити корӣ, рушди касбияти судяҳо, гузарондани омӯзишҳо, зиёд кардани муҳлати ваколати судяҳо ва дигар шароитҳое муҳайё шудаанд, ки судяҳо дар фаъолияти худ мустақил бошанду барои дахолат кардан ба кори онҳо имконият дода нашавад. Барои дахолат намудан ба кори судяҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ шудааст”,-афзуд оқои Азизов.

Раиси Шӯрои адлия дар мавриди ҳукми 26 соли зиндон барои соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон Зайд Саидов гуфт, дар бораи то куҷо сиёсӣ ва супоришӣ будани ҳукми Саидов маълумоти дақиқ надорад: “Нафари маҳкумшуда ва вакилони мудофеаш ҳақ доранд, фикри худрро доир ба ҳукми додгоҳ баён намуда, ба зинаҳои болоӣ муроҷиат намоянд. Ин масъала аз ҷониби зинаҳои болоии додгоҳ ҳатман баҳо дода мешавад. Чунин мафҳум, яъне хукми супоришӣ ва парвандаи сиёсӣ дар давоми 17 соли фаъолияте, ки мо доштем, набуд”.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз содир шудани ҳукми 26 соли зиндон барои Зайд Саидов, бархе аз ҳуқуқшиносон онро супоришӣ хонда, иброз доштанд, ки чунин ҳукм бори дигар собит сохт, ки дар Тоҷикистон додрасҳо мустақил набуда, пойбанди мақомот мебошанд. Аммо Зафар Азизов бо таваҷҷӯҳ ба савганде, ки додрасҳо қабл аз шурӯи фаъолияташон ёд мекунанд, гуфт, бояд онҳо ҳамеша адолати додгоҳиро риоя намуда, пойбанди касе набошанд.

Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон афзуд, соли 2013 аз ҷониби додрасҳои чумҳурӣ 127 ҳазору 526 парвандаи ҷиноӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 128 зиёд будааст.
Мӯҳр
Хакчу
Супориши набуд!
Аввал худи хамин Зафар Азизов бигуяд ки худаш бе супориш мардумро суд мекард ё не?
Додогохи ОЛи нисбати Саидов Зайд пурра аз руи супориш амал карда буд. Ин мавзу то хатто мавриди бахс нест. Ба мо бояд чавоб бигуянд ки то кай яъне мо кай муедамонро ба судим мустакил бандем. Мо мардуми "шукрона" кун мебошем ва сабр хам дорем.
Ташакур Озодагон хамин худат хам хастию диламонро мегуем, харчанд бефоида.....

Чаноби Азизов, магар ба шумо маълум нест ки дар Точикистон хеч гох судхо мустаъкил набуданд ва гумон дорам минбаъд хам нахоханд буд. Сабабашро хам шумо хуб медонед: таъини судяхо аз чониби президент рахмон. То ин система вучуд дорад хеч гох судя наметавонад дар тасмими худ озод бошад. Казияи Зайд Саидов сар то по заказ аст, ва шумо инро бехтар аз хама медонед. Судяхои точик имону номуси худро баъди хамон касами гуфтагиатон ба шайтон бепул медиханд. Карори суд оиди бахси Точирон бо вакил Вохидова, рузномаи Имрузнюз бо фарзанди Амонулло Хукумов ва умуман тамоми карорхои судии 20 соли ахир шармандагии системаи судии Точикистон мебошад. Умедворам ки маро дуруст кардед. Зеро медонам ки шумо хам масъули давлати хастед ва гайри он чизе ки гуфтед чизи дигареро гуфтан хам наметавонед. Сабабаш хам маълум.

Дар Точикистон судяхо мустакил набуданд ва нестанд.Ин барои хама аён аст.То он вакте ки судяхо бевосита,озоду шаффоф интихоб намешаванд,хамин тавр вобастаи хукумат боки хоханд монд.Мухокимаи Зайд Саидов пурра супориши ва золимона буд.

Яъкуб.
Боз шарм надошта чунин суханхо мегуянд ин ШАРМАНДАХО.

кадомеро рахмон ва хешу таборонаш хоханд чазо диханд судхои мо хамонро ичро мекунад,бояд мо ин судхоро бовар накунем, агар тавонем итоат хам накунем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)