Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:28

“Зан соҳиби замин” соҳиби сомонаи интернетӣ шуд

13 январ 2014, 20:25

Сомонаи интернетии озмуни “Зан соҳиби замин” фаъол шуд.
Дар ин сайт, ки бо нишонии www.zansohibizamin.tj дастрас мебошад, маълумот дар мавриди озмун, шеваҳои ширкат ва ҷараёни пешниҳоди довталабон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудааст.

Сомонаи “Зан соҳиби замин” дар мавриди нашри охири нашрияи «Фермер ва соҳибкор» ҳам маълумот додааст. «Фермер ва соҳибкор», ки нашрияи Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон аст, шумораи ахири худро комилан ба озмуни мазкур бахшидааст.

Озмуни “Зан соҳиби замин” бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМТ) ва кӯмаки молиявии OXFAM дар Тоҷикистон гузаронда мешавад. Он миёни занҳое гузаронида мешавад, ки дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд ва идораи хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермериро бар ӯҳда доранд. АМСХМТ мақсади асосии гузаронидани озмунро «ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занҳо ба самти роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ва баланд бардоштани нақши фаъолияти соҳибкорӣ тавассути ба даст овардани замини саҳмӣ» унвон кардааст.

Дар озмун занҳое ҳаққи ширкат доранд, ки синнашон 18 боло буда ва дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанду сертификати амалкунандаи замин доранд ё замони эълон шудани озмун барои гирифтани ин сертификат ба мақомоти дахлдори маҳалӣ муроҷиат кардаанд.

“Иштирокчиёни даври ниманиҳоӣ ва ниҳоиро Кумитаи коршиносон, ки аз ҳисоби масъулони вазорат, кумитаҳои дахлдори давлатӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ҷаъмиятӣ созмон меёбад, дар ҷаласаҳои кории худ баъди суҳбатҳои инфиродӣ ва санҷишҳо муайян мекунад. Номи ғолибон дар маросими ҷоизасупорӣ, ки 4 апрели соли 2014 доир мегардад, эълон мешаванд. Ғолибони озмун бо диплом, мукофотҳои пулӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд қадр мегарданд”,-хабар медиҳад zansohibizamin.tj.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!