Бахшҳо

Ташкили стипендияи ҲХДТ барои донишомӯзони фаъол

Дафтари Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ба донишомӯзони фаъоли ин минтақа стипендияи махсус медиҳад.

Тибқи иттилои торнамои расмии ҲХДТ, Раёсати намояндагии ин ҳизб дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, далели ин иқдоми худро, дастгирӣ ва ҳавасмандкунии фаъолияти эчодию баланд бардоштани маънавиёт арзёбӣ намудааст. Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ноҳияи мазкур 10 нафар аз донишомӯзони фаъол аз ҳисоби ҲХДТ стипендияи вижа мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан раҳбарияти ҳукумати вилояти Суғд ба намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин минтақа, ки мехост, аз сад донишҷӯи фаъол қадрдонӣ кунад, иҷоза надод. Ин дафтари ҲНИТ бо ирсоли як нома ба унвони Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд барои баргузории ин маҳфили қадрдонӣ толор ва номгӯи 100 нафар донишҷӯёни фаъолро хоста буд. Аммо посухи манфӣ гирифт.

Дар номаи ҷавобии ҳукумати Суғд ба намояндагии ҲНИТ дар ин минтақа, аз ҷумла омада буд, ки “ин иқдоми Шумо зидди моддаи 3-и Қонуни Тоҷикистон дар бораи маориф ҳаст, чун мутобиқи он дар муассисаҳои таълимӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст. Ҳамзамон донишҷӯёну аспирантҳои муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят бо тартиби муқарраргардида аз сӯи мақомоти маҳаллӣ андозаи муайяни стипендияҳо пардохт мешавад ва маъмурияти донишгоҳҳо низ баҳри амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи ҳукумат барои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ донишҷӯёнро пайваста бо кумакҳои моддӣ фаро мегирад.”

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бардӯш дорад, соли 1994 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ иштирок карда, пирӯз шудааст.
/color]
Мӯҳр
Яъкуб.
Ачаб сиесат...ХНИТ ро намемонанд ба донишчуен кумак кунанду ХХДТ бо овозаву таърифу тавсиф кумак мекунад....

Саид
Чи дуругу чи шармандагие! Аввалн ин таклид ба амали ХНИТ аст! Дуюм чаро макомот вакте ин корро ХНИТ кардани буд чунин бахона оварданд: "ин қидоми Шумо зидди моддаи 3-и Қонуни Тоҷикистон дар бораи маориф ҳаст. Чун мутобиқи он дар муассисаҳои таълимӣ “тарғиб”, таъсис ва фаъолияти сохторҳои аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст"! Пас чаро холо "сохторҳои аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёси" намегуянд!

Нахзат маладец ёд дод ёрдам кардана

Вақте ҲНИТ ким кайҳо ба ҳукумати Хуҷанд пешниҳод кард, ки то рӯйхати донишҷуёни аълочии ин вилоятро ба онҳо пешкаш кунанд, то ин ки ҲНИТ ба анҳо мукофотпули ҳамчун идрор муайян кунад, ҳукумати вилояти тарсончак аз тарс ин пешниҳоди ҲНИТ рад намуданд!

Редаксия Шумо ҳам аз шимол ҳастед чи ин қадар сахт метарсед аз навистаҳои ман ки онҳоро нашр намекунед!
Бедор шавед! Набошад тақдири Зайду вай операторатон ба сари Шумо ҳам хоҳад омад! то бай кай метарсед! Аз Олга Татабулина сабақ гиред!

ХХДТ
Хайрият ки хамин ХНИТ ба студентхо кумак карду ХХДТ ёд гирифт ё хайр намегуям аз руи рашк, акун ба студенхо стипендия медиханд. Неким хамин стипендияро боз мисли корхои дигар тагобозию черезбози накунетон то савоб гиреду як камбагалстудентро дастгири кунед.
ХНИТ-хо илстимо боз ягон идеяи дигар фикр кунед ки мо боз ёд гирем! илтимос!

Ман
Донишчуёон дар тамоми шахрхову нохияхои ТЧК хастанд, барои чи факат ба ин нохия будааст?!

шахид
Ёд гирфтана ку ёд гирифтестан пештар аз инам масалахой дигарам будан,ки аз хнит ёд гирифтан мисли мусобикай курон,ки хнит аввал дар нохияхо ва умумичумхури баргузор карда буд тачлил аз бузургони дин мисли эмоми аъзам,ки хнит аввалин шуда аз дастгохи президент барой баргузории он дар сатхи баланд бо иштироки хоричиён ичозат хоста буд ки надодан ва баъдан худашон соли эмоми аъзам эълон карданд,ки албата гарчи хнитро ичозат надодан вале ахдофи хнитро худой бузург бо ин шакл амали менамояд ва...........

Ахиран як хабарро хондам се нафар донишчуро,ки аз тарафи хукумат барой касби илму тахсил кумак шуда буданд ба додгох кашидаанд барой хар яки онхо хукумат25000$ сарф карда будааст,ки хозир ду баробари онро мурда-мурда кашида гирифтаниянд, ки худо медонад онхо чи кадари дода баъд онхоро кабул када бошанд так что эхтиёт кунед мачбур нашавед чанд баробар боз чуброн пардозед.........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)