Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:52

Холиқов дар бораи маоши имомхатибон, хатари исломиҳо ва 394 парванда

14 январ 2014, 09:58

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин ва танзими расму оини Тоҷикистон таъини маош барои имомхатибонро як дастгирии молиявӣ унвон карда, таъкид намуд, ки ҳаҷми он дақиқ нест.

Холиқов, ки имрӯз, 14-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, барои имомхатибон моҳонаи муайян нест ва он аз шартномаи тарафайн вобаста аст.

Дар мавриди таҳдиди исломиҳо ба Тоҷикистон баъди баромадани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон Холиқов афзуд, ки ягон таҳдиди диние барои кишвари мо вуҷуд надорад: “Мо набояд бигӯем, ки вазъияти мо халалдор мешавад. Мо кор мекунем ва агар ҳамаамон вазифаҳои худро хуб иҷро кунем, касе ба мо хатар надорад”.

Раиси Кумитаи дин дар мавриди нақзи қонуни танзими расму оин афзуд, ки дар соли гузашта ба мақомоти судӣ 394 парванда ирсол шуданд: “Аз ин 374 ададашон ба баррасӣ гирифта шуда, вайронкунандагони қонун 1 миллиону 152 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!