Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:56

Ҳукумат мехоҳад, Ҳаҷро дар 5 сол 1 бор иҷозат диҳад

14 январ 2014, 10:15

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаеро баррасӣ дорад, ки тибқи он зиёрати Хонаи Худо дар панҷ сол як маротиба иҷозат дода шавад.

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин ва танзими расму оини Тоҷикистон имрӯз, 13-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳукумат ҳадафи онро дорад, ки баъзе шаҳрвандон ҳаҷи такрориро на ҳар сол балки давоми 5 сол як маротиба анҷом диҳанд. Ӯ афзуд, ки айни ҳол ин масъала дар сатҳи ҳукумат мавриди барррасӣ қарор дорад.

Ҳаҷ яке аз фароизи динии пайравони Ислом буда, ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ин маросимро анҷом медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хукуматихо бекор мондаан. Дигар кор аз дасташон намеояд. Барои пешрафти мамлакат хеч фикре надоранд ва намекунанд. Чикоре кунанд ки дар точикистон исломро махдуд кунанд. Ба хамаи ин албатта чавоб хохед дод
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Холиков ин афсохоя хобашанда гуяд. У аслан а овчии гончи инчанда ягон хешу таборашон хач накараги не. Хамешон 2 бор 3 бор хач кара гирифтаги. як хелошон хар сол хачанба мерен. Ин гапо афсона.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба муслим ва мустафо хонед, ки одамони муътабари ислом чи мегуянд баъд пак пак кунед:
Раиси иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон такя ба аҳодиси паёмбар (с) карда, гуфтааст, ҳар нафаре, ки худ сер асту ҳамсояаш дар паҳлуи ӯ гурусна мебошад, муъмини комил нест.
Хач барои баъзеаш душанбе москва шудаст, як бор рафти боз чикон ки дигар мумини орзудошта биравад! Имсол як бародари манба навбат нарасид, гирявуинола кард ки ое то соли дигар зинда мемонам ки зиерати хонаи Худо муяссар шавад? Базехо бошанд шарм надошта боз тариф мекунанд ки панчум бор аст ки метавам!
Эй муминон аввал андеша бад гуфтор, ин кадар хукуматро хам шумбини накунед ки паемади хуб надорад. Ин хукумат дар мукоиса ба кыргызу узбаку беларус дах кала боло аст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фикри хуб баъзехо як бор рафта наметонанд баъзехо 2-3-бор мераванд
Посух додан
  • Ман

  • 14 январ 2014 14:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кани назари Абдулкодирзода?! Ба дигар чизхои бемаънию бекора биниашро метиконаду ба инхо,,,,
Посух додан
  • Dev

  • 14 январ 2014 14:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Na tanho haji takroriro davomi 5 sol mukarra kunand , balki hudi hajraviro har 5 sol ijozat dihand. Meguyand dar 10 -15 sol muhijironi toji besh az 19 mlrd.$ ba Vatan rohi kardaand, vale korero in mablag anjom nadodas ba juz hurdanu... hajravi...
Посух додан
  • Русиёхист

  • 14 январ 2014 16:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз хам махдуд кардани Ислом. Аз ин бекорхучаги рафта масъалаи сархадро хал кунед, боз нашавад пагох киргизхо ба хонахоятон дароянд! Шумо дар кор хастед, аз кучо хохед фахмид ки омада буд?
Посух додан
  • ислом.70mail.ru

  • 14 январ 2014 16:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони азиз ба фикри ман бисер фикри хуб аст охир чанд сол мешавад ки ман падарамро хач фиристодан наметавонам аз хамин хотир ки як шахси бизнесмен хар сол хач мекунад кошке ки хаччи онхо кабул шавад.Дуввум чи даркор посуххои гараздор менависед ки хукумат бар мукобили ислом кор мекунад ва гайрахо.........Баръакс Хукумат ба фоидаи бечорахо ин пешниходро кардааст агар рост бошад вакто ки ин пешниходро тасдик накард хукумат хамон вакт танкид кунед ман рози
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: 13.01.2014
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 4
  • Матлаб: 0
Дуруст як бор рав боз 5 сол пас як бори дигар

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!