Бахшҳо

ВИДЕО: 482 хизматчии давлатии нафақахӯр ҷойро холӣ накардаанд

Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳолати аввали соли равон дар кишвар беш аз 18 ҳазору 700 нафар хизматчии давлатӣ ба кор фаро гирифта шудаанд, ки 23,4 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Грез Қосимов,
муовини сардори Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, феълан миёни хизматчиёни давлатӣ 482 нафарашон нафақахӯр мебошанд. Ӯ афзуд, ки соли гузашта 94 хизматчии давлатиро ба нафақа гусел карда, муҳлати хизмати 81 нафар тамдид карда шуд. Қосимов дар шарҳи тамдиди муҳлати фаъолияти бархе аз нафақахӯрон гуфт, ин дар асоси аризаи худи онҳо ва мавҷудиёти эҳтиёҷ ба корашон сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон аввали соли гузашта ба ниҳодҳои давлатӣ супориш дода буд, ки кормандони нафақахӯрро гусел кунанду ҷавононро ба ҷои кор таъмин созанд.

Дар ҳамин ҳол Қосимов таъкид кард, ки ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон майли афзоиш дорад. Ӯ теъдоди ҷавононро миёни хизматчиёни давлатӣ 40,9 дарсад арзёбӣ намуд. Дар мавриди маоши хизматчиёни давлатӣ Қосимов таъкид кард, ки тайи соли гузашта ҳаҷми он ҳудуди 15-20 дарсад боло рафта, феълан ба ҳисоби миёна 995 сомониро ташкил медиҳад.


Мӯҳр
Оё бо 405 ва ё 450 чалб кардани чавонон ба кор имкният дорад? Бо ин маош у мачбур аст,ки як умр мучаррад кор кунад.
хахахаха

Абдухоча
Оё директорони пажухишгоххои Академияи илмхо хизматчии давлати хастанд? Агар ха, пас чаро онхоро ба нафака гусел намекунед? Охир, ин "бечорахо" бисёр хаста шуданд. Бигзор боз чавонтархо хизмат кунанд.

бекорчи
хизматчиёни давлати танхо аз чайби мардум руз мегузаронанду халос он чойхои сердаромаданд барои хамин курсиро ба каси дигар додан намехоханд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)