Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 19:33

Алимардонов: Ба зарардидагони “Саховат” кӯмак мекунем

14 январ 2014, 11:29

Муродалӣ Алимардонов, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ки дар пайи сӯхтори бозори “Саховат”-и Кӯлоб аз ҷои ҳодиса дидан кард, дар суҳбат бо "Озодагон" изҳор дошт, ки ҳукумат зарардидагонро дастгирӣ хоҳад кард.

Алимардонов, имрӯз, 14-уми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “тамоми дӯконҳои сӯхтаро пурра барқарор ва ба соҳибонаш бармегардонем.”

Дар мавриди моли сӯхтаи тоҷирон дар дуконҳо ноиби сарвазири Тоҷикистон афзуд, ки ҳукумат онро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва ҳадалимкон кӯмак мерасонад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯхтори бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, шаби 12-уми январ дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳо сар зада, 3028 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Мақомоти маҳаллии вилояти Хатлон мегӯянд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин сӯхтор 96 мағоза ва 382 нуқтаи савдо зиён дида аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ser

  • 14 январ 2014 14:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр афсус...аммо хазор шукр Худованди бузургро, ки ин сухтор дар худ тлафоти чони надорад...Пулу молро душвор хам бошад, ёфтан мумкин аст...Аммо дарего аз одамизод, ки чун рафт, дигар намеояд...Ман шахсан аз ин хисороти ба мардуми шарифи Кулоб расида, бисёр гамгинам...Панчшериён бо шумоянд бародарони азизи кулоби...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷиянҳои ин ҷаноби олиҳиммат бо истифода аз номи ӯ хонаи чандин касонро бо роҳи қаллобӣ "сӯхтанд", одамонро ба сактаи дилу сактаи майна гирифтор карданд, вале ӯ ҳамон асту аст...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!