Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:48

Абдулқодирзода: Эҳтимол руҳониёни исмоилӣ ва адёни дигар ҳам маош гиранд

14 январ 2014, 12:28

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон имрӯз, 14-уми январ зимни як нишаст дар Душанбе ҳаҷми маоши таъингардидаро барои раисони марказҳои исломӣ ҳудуди 2000 сомонӣ, барои сархатибон 1500 сомонӣ ва имомхатибон 800 сомонӣ арзёбӣ кард.

Роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки моҳона ва ё худ кумакҳои молиявӣ барои имомхатибон аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ буда, бархӯрдор шудани намояндагони ҷамоати Исмоилия ва ё дигар адён аз ин кӯмак ҳанӯз дар баррасӣ ҳаст.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки агар дақиқ шавад, ки онҳо аз давлатҳои хориҷ кӯмакпулӣ намегиранд, ҳукумати Тоҷикистон ҳатман барои онҳо ҳам маблағ ҷудо хоҳад кард.

Номбурда ҳамзамон гуфт, ки дар назар аст, ки шуруъ аз ҳафтаи оянда тамоми имомхатибон бо либоси ягона таъмин карда шаванд. Ранги либоси ягонаи имомхатибон кабуди осмонӣ буда, ҳамзамон сари сина ва остинҳо бо нақшу нигори классикии тоҷикӣ таҳия шудааст. Раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон афзуд, ки ҳоло дақиқ нест, ин либосҳо ройгон тақсим карда мешаванд, ё бар ивази маблағ.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода оид ба 1 ҳафта муайян гардидани муҳлати таҷлили мавлуди Ҳазрати Муҳаммад (с) дар Тоҷикистон гуфт, ки дар асл ин меъёр аз баъзе кишварҳои исломӣ гирифта шудааст: “Ин маҳдудият нест. Ҳар вақте мо ҳадисе мегӯем, ин худ мавлуди пайғамбари мо ҳаст. Дар таҷрибаи бисёр кишварҳои байналмилалӣ мебинем, ки мавлуди пайғамбар як ҳафта муайян шудааст ва он ҳафтаи таваллуд, ҷавонӣ ва ваҳй мебошад. Ҳамин низом дар мо ҳам бошад беҳтар мешавад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Навбати сару тани имомхатибон хам расид
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
боз корупция равнак меёбад ва ин вазифахо фурухта мешаванд...
Посух додан
  • Ном

  • 14 январ 2014 14:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин мукарам дга кори дига надорад?
-либоси ягона (бар ивази пул)
-маош барои имомхатибон, чамоати Исмоилия ва ё дигар адён
-махддияти мавлуди Хазрати Мухаммад с. а. с.

бади хамин чи тавр метавонем мо ин шахсро муфти гуем?????????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз як кори бехуда,оё ягон проблемаи дигар нест дар Точикистон,боз мову шумо ба онхо 1500-2000 аз кисаи худ медием,балки пули давлат ин пули мост,барои чи мардум хомуш аст, наход халк то ин дарача .... шуда бошад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!