Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:57

Манъи таъсиси беш аз 230 иттиҳодияи динӣ дар Тоҷикистон

14 январ 2014, 12:35

Кумитаи дин ва танзими расму оини Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар давоми соли гузашта ба 238 дархост оид ба таъсиси иттиҳодияҳои динӣ посухӣ манфӣ додааст.

Абдурраҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин ва танзими расму оини Тоҷикистон рӯзи 14 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар соли гузашта 416 дархост барои таъсиси иттиҳодияҳои динӣ ниҳоди зертобеаш қабул кардааст.

Ба гуфтаи Холиқов, аз ин нишондод, танҳо барои таъсиси 135 иттиҳодияи динӣ ё худ масоҷид аз сӯи Кумитаи дин ва танзими расму оини Тоҷикистон иҷоза дода шудааст, ки 3 адади онро масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 ададро масҷиди ҷомеъ ва боқиро масоҷиди панҷвақта ташкил медиҳанд.

Раиси Кумитаи дин далели манъи таъсиси иттиҳодияҳои дигарро мутобиқ набудан бо қонунгузориҳои ҷории кишвар ҳамчун иттиҳодияи динӣ унвон кард. Дар Тоҷикистон ҳоло масоҷид низ ҳамчун иттиҳодияи динӣ аз сӯи Кумитаи дин ва танзими расму оини кишвар ба қайд гирифта мешаванд.

Дар чанд соли охир аксар масоҷиди панҷвақтае, ки ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият доштанду аз қайди давлатӣ намегузаранд, ё ба дарашон қуфл зада ва ё ба чойхона табил дода мешаванд. Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз 8 масҷиди ин ҷамоат танҳо 4-тои онҳо аз қайди давлатӣ гузашта, боқимонда ҳамчун чойхона ба қайд гирифта шудааст. Аммо намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ҳаргиз талош намекунанд, як масҷиди ободу расмиро ба чойхона ва ё ягон идора табдил диҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!