Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:37

Саридораи геология: Таваҷҷуҳи сармоядорон ба Тоҷикистон беҳад зиёд аст

14 январ 2014, 13:33

Мурод Ҷумаев, роҳбари навтаъини Саридораи геологияи Тоҷикистон, имрӯз 14-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, сармоягузорони хориҷӣ ба захираҳои табии Тоҷикистон таваҷҷуҳи беҳад зиёд доранд.

Ҷумаев афзуд, ки агар сармоягузорон барои тило омада бошанду онро гирифта натавонанд, қуму шағали Тоҷикистонро истифода мебаранд: “Таваҷҷуҳи онҳо инчунин ба қаъри замини Тоҷикистон хеле зиёд аст, ки гувоҳи дуруст будани сиёсати пешгирифтаи Ҷанобӣ Олӣ мебошад. Ба ҳамин хотир сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон омада сармояи худашонро дар кишвари мо сарф мекунанд”.

Ӯ аз ҷумла сармоягузорони эрониро ном бурд, ки ба захираҳои табии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ҷумъаев инчунин фаъолияти “Газпром”-ро дар конҳои нафту гази Шаҳринав дастоварди ҳукумат арзёбӣ кард.

Баробари ин раиси Саридораи геология таъкид кард, ки тибқи иттилои пешакӣ Тоҷикистон дорои 400 тонна захираҳои тило буда, дар 14-15 минтақаи кишвар, асосан дар Помир ва Зарафшон ҷойгир мебошанд.

Ҷумаев дар қатори камбудиҳое, ки дар соҳаи геология ҷой доранд, нарасидани мутахассисони баландихтисос ва таҷҳизоти муосирро ном бурд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй ки ин Чумаева сардори геология мондаст. вай Азим Иброхим ба худаш буд. Ин Чумаев хамин як раиси Варзоб буданаш да хамачои вайрон кард мебахшед точики гуем. Ина акнун мувофики накшаи нав райони Варзоба умуан бархам медиханд. Нисфаша ба шахри Душанбе ва нисфи дигараша ба Ленский район метиян. Чойи расоя бошад ба Кумитаи сайёхиву варзиш медодяин ва аз ун чо мардуми бечорая хезондестанд. Чунки фасоди онхоро мардуми вазоб набинабинад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ты кто такой Мурод Джумаев, давай до свидания
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ватандуст,
а бача и олигархи вАРЗОБАЙ, ,барои хами гелогияй, раиси тролебусный парк монанша мешуд.буху бугарл-дар гирди арчаю елка.
Посух додан
  • беном

  • 16 январ 2014 09:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
воллох ки рост гуфтед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!