Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:40

Интиқоди Қосимов аз ҷалби нолоиқҳо ба мансабҳои давлатӣ

14 январ 2014, 15:47

Грез Қосимов, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз ношаффоф баргузор шудани озмунҳо барои кор дар дар бархе аз ниҳодҳои давлатӣ интиқод кард.

Қосимов иброз дошт, ки соли гузашта зимни санҷишҳо чунин ҳолатҳоро муайян кардаанд ва аз ҷумла озмуни Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро мисол овард. Ӯ афзуд, ки баъди дахолати Агентии хизмати давлатӣ озмун дар Хадамоти муҳоҷират такроран гузаронда шуд.

Грез Қосимов афзуд, ки соли 2013 барои 2 ҳазору 694 мансаби холӣ бо иштироки 2 ҳазору 920 довталаб озмун гузаронида шуд: “Ҳамагӣ 1971 нафар барои ишғоли мансабҳои холии давлатӣ тавсия гирифтанд. Ба қавли номбурда, 949 довталаб аз сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ аз озмун нагузаштанд.”

Агентии хизмати давлатӣ мегӯяд, соли 2013-ум 3 ҳазору 362 нафар хизматчии давлатӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуда, муайян гардид, ки 176 нафар хизматчиёни давлатӣ ба вазифаи ишғолнамудаашон мувофиқ нестанд: “Аз ин шумора 150 нафар барои такмили ихтисос, 11 нафар ба азнавтайёркунии касбӣ, 15 нафар барои таъин ба мансаби пасттар ва 7 нафар хизматчиёни давлатӣ аз мансаби ишғолнамуда озод шуданд.”



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фира

  • 14 январ 2014 17:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин озмунхое ,ки мешаванд хамаш ба хотири дар чашми мардум хок пошиданаст..Хама одамхои худашон аст ....шахсони дигаро баро рупуш кардан мебиеранду мегуян ту нагузашти агар гузарад хам малакаи кордони дониш лозим нест .....
Посух додан
  • Тохир

  • 14 январ 2014 17:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи вазифахои давлати дар Точикистон фурухта мешаванд ва ба ришвагирхо фарке
надорад, ки вазифагир
саводи хуб дорад ё на.
Посух додан
  • dgdg

  • 14 январ 2014 21:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чи дуруг меген ика хамаша фурухтен
Посух додан
  • 1

  • 15 январ 2014 11:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ибби чи мега

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!