Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:52

Муфтӣ гуфт, саидзода будан маънои бартариро надорад

14 январ 2014, 16:54

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, теъдоди саидзодаҳоро дар кишвар нашумурдаанд ва муайян нест, ки дар кишвар чӣ қадар саидзодаҳо иқомат доранд.

Абдулқодирзода ин нуқтаро дар посух ба суоли “Озодагон” таъкид карда, изҳор дошт, ки аслан дар шариат меъёри ченаки бартариву пастии инсон тақво ҳаст: “Худованди бузург ва тавоно мегӯяд, ки беҳтарини шумо дар назди парвардигор, накӯкортарини шумо, парҳезкортарини шумо ва худотарстарини шумо ҳастед. Фарқ надорад, ки аз кадом оила ҳастед ва аз кадом насаб ҳастед.”

Раиси Шурои уламо бо зикри ин таъкид кард, ки “бо вуҷуди ҳамаи мо агар бидонем, фалон сайидзода ҳаст ба хотири ин эҳтиромаш мекунем.”

Ин дар ҳолест, ки аз эҳтироми зиёди мардуми кишвар ба саидзодаҳо, ки аз оли паёмбаранд, афроди алоҳида сӯиистифода карда, худро саидзода ё эшон эълон мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ачиб

  • 14 январ 2014 17:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайидзода аз насли Пайгамбар, Фотимаву Хасану Хусайну имомони баъдианд. магар дар мазхаб мо яъне гайри шиъа низ сайидзодагон хастанд ??? онхо кай аз мазхаби бобоиву авлодияшон ба мазхаби халифахои дигар гаравида бошаанд?????
окои мухтарам Абдулкодирзода дар ин бобат иттиллои Шуморо интизорем...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"саидзода будан маънои бартариро надорад" гуфтани хазрат худ аз он шаходат медихад, ки Муфтии мо дар мазхаби кави нест, вагарна бартарияти онхоро эътироф мекард
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо гуфтахои муфтии мухтарам мувофикам Бо эшону халифабозияшон мардумро фиреб дода гаштанд то ба имруз ин лошахурхои Арабнажод !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салмон,
рост гуфти лекин бародар магзи гапа гуфти
Посух додан
  • Точик

  • 26 январ 2014 14:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рости фарк надорад, саидзода аст ё чугизода, асосаш одами хуб бошад, дар назди худо ботакво...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!