Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:16

Ҳисоботи Рустами Эмомалӣ ва интиқод аз андозсупории корхонаҳои бузург

15 январ 2014, 09:10

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар, ки субҳи имрӯз, 15-уми январ оғоз гардид, гузоришҳои масъулини блоки иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллӣ, Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумрук, раиси Кумитаи андоз, Нусратулло Давлатов ва Абдусалом Қурбонов, вазири молияи кишварро шунид.

Тавре хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Қоҳир Расулзода гузориш додааст, ки суръати афзоиши иқтисодиёти кишвар дар соли 2013 7,4 фоизро ташкил дода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 40,5 миллиард сомонӣ расид: "Сатҳи таваррум бошад, 3,7 фоизро ташкил дод, ҳол он ки дар соли 2012 ин нишондод ба 6,4 фоиз баробар гардида буд. Чунонки аён гардид, нишондодҳои рушд дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ мусбӣ мебошанд."

Ба иттилои манбаъ аз ҳисоботи Вазири молия Абдусалом Қурбонов маълум шуд, ки Буҷети давлатӣ дар соли 2013 барзиёд иҷро гардида, ҳаҷми он ба 11,5 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2012 кариб ду миллиард сомонӣ зиёд аст.

Нусратулло Давлатов ҳисобот додааст, ки сарфи назар аз таъмин нагардидани нақшаи андозсупорӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои бузург ва қисмате аз шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар ҷумҳурӣ барзиёд иҷро гардидааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки зимни ҳисоботи Сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 3 миллиарду 241 миллион сомонӣ иҷро гардидааст ва ин 496 миллион сомонӣ аз нақшаи солона зиёд аст: "Тавре зикр гардид, ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ дорад ва ҳаҷми савдои хориҷӣ дар соли 2013 беш аз 5 миллиарду 301 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст."

Манбаъ мегӯяд, дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат, раёсат ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президенти Тоҷикистон ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони расмӣ ширкат доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О хамин хисоботашро дар хонааш хам медод мешуд)))Шарт буд боз ба тарики телевизион онро намоиш дода,ба чашми мардум хок пошидан?
Посух додан
  • шахид

  • 15 январ 2014 13:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фаркаш хайми хонашда гузориш мета ё дига чода хаммаш ай худшонайку.....точикистон ай маййййййййййййй
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба назардихандагони боло як чахон ташаккур мегуям, неки яй хандара куштед! В принципе давлатали саидову зайнуло сохибови цемзаводро хам дар хона кабул мекард бехтар мешуд, хааххаааахааа!
Посух додан
  • Шахрванд

  • 15 январ 2014 13:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бачам пагох чи савол тиям ки дар пеши азои хукмат чавоб дода тавони
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахрванд, Саволи осонтар те Ота.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Худо додагон ситема мазан ба онхо Худо додаст.

Вой ба холи бандаи бахил.
Посух додан
  • Тоҷик

  • 15 январ 2014 20:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Панчи,
Ака мактаба дар Афғонистон хондаи ки мисраъро нодуруст менависи ва ё диплома дар хона оварда ба дастат доданд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: 13.01.2014
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 4
  • Матлаб: 0
Шумо хам бошед хамихел мекардед ...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз бахели ягон фоида нест бародаро ягон гапи хуб занед.Шохбачада хурсанд шавад.Рустам бародар аз гапхои бехудаи инхо зик нашав инхо ба гуфти Кулобихои мо лакиан.Ба монанди Падарат кор кун бародар шумо бехтаринхоед мо бо шумоем бародар.Парвардигор эмон комил шифои комил барори корат дихад дар касбу корат дар молу чонат баракат дихад омин Аллоху Акбар.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!