Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:52

Ҳамлаи гуруҳӣ ва ғасби 245 000 рубли Ҷумаев дар Ҷ. Румӣ

15 январ 2014, 10:07

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо гумони ғорати Ҷумаев Абдураҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ як гуруҳи панҷнафараи сокинони Қумсангир боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ ба мақомоти пулис дар ноҳияи Ҷ.Румӣ шаҳрванд Ҷумаев Абдураҳмон Назарович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қумасангир муроҷиат намуда, арз доштааст, ки рӯзи 13-уми январ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷ.Румӣ шахсони номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз кисааш 245000-рубли русӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Флай»-ро гирифта, ӯро лату кӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд: “Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони ғоратгарӣ шаҳрвандон, Мирзоев Самариддин, соли таваллудаш 1989, Муҳаммадов Масъудҷон, соли таваллудаш 1988, Муҳаммадов Исломиддин, соли таваллудаш 1993, Кобулов Қаландар, соли таваллудаш 1991 ва Наботов Ҳамза, соли таваллудаш 1995 сокинони ноҳияи Қумсангир дастгир намуданд.”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!