Бахшҳо
15 янв 2014 14:37Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Шӯрои сиёсии ҲНИТ: Тирпарронӣ дар марз ҳушдор буд

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), бо пахши изҳороте ҳодисаи тирпаронии рӯзи 11-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро маҳкум карда, гуфтааст, ки ин ҳодисаи нохуш набояд василаи таблиғотӣ алайҳи якдигар бигардад.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфтааст, ки ҳодисаи 11-уми январ барои масъулини ҳарду кишвар ҳушдор буд, то ба масъалаи нишонгузории одилонаи марзҳо ҷиддан машғул шаванд. ҲНИТ гуфтааст, бо истифода аз хомушӣ ва камфаъолиятии ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон мақомоти Қирғизистон ва расонаҳои хабарии онҳо фазои иттилоотиро якҷониба пур карда, ҷониби Душанберо гунаҳкор инъикос кардаанд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар баробари маҳкум кардани масъалагузории яктарафа аз ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон тақозо кардааст, ки мавқеи ошкортар ва боварибахш нисбати ин қазия дошта бошанд: “Чунин ба назар мерасад, ки ниҳодҳои масъули давлатии Тоҷикистон худро аз қазия дур гирифта, вазни ин мушкилиро ба души Президент, неруҳои мусаллаҳи кишвар ва расонаҳои мустақил вогузор кардаанд. Чунин рафтори номуносиб осебпазирии низоми давлатиро дар баробари буҳронҳо ошкор сохта, ҷавобгуйи манфиатҳои миллӣ ва давлатии мо нест. Таъмини истиқлолияти миллӣ, ҳифзи марзу бум ва кумак ба ниҳодҳои қудратии кишвар бояд имрӯзҳо аз муҳимтарин масоили кории ҳукумат, парлумон ва дигар мақомоти давлатии Тоҷикистон бошад”.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфтааст, ки равшанфикрон ва ашхоси динӣ барои коҳиш додани ташаннуҷ метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд, чунки боло рафтани ҳассосият байни ду кишвари дӯст боиси осебпазирии ҳарду миллат дар баробари мушкилоти муштараки минтақаӣ хоҳад гашт.

Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар бемористонанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.
Мӯҳр
Кумитаи махсус оид ба марзхо дар ВУХ бо чалби олиму сиёсатмадорон ташкил додан даркор. Ё хатто вазорати алохидаи муваккати. Масъалаи марзхо хеле чидди аст ва кори харрузаро металабад. Ба он ахиран ру овардан мебояд.

Точик
Нахзатихои мухтарам, то кай мунофики мекунед. Ин суханатон "ниходхои масъули давлатии Точикистон худро аз казия дур гирифта вазни ин мушкилиро ба души Президент, нерухои мусаллах.... Вогузор карданд". Ачаб тахлиле ва пешниходе???? Магар чуз Президент ки метавонад чунин масъаларо хал намояд??? Дар кишваре ки кушодашавии як цехи дузандаги бе ичозати Президент хал намешавад, кадом идораи давлати дар чунин кори нихоят душвор, халли мушкилахои марзи дахолат карда метавонад. Е парлумони киссагие ки шумо аъзояш хастед масъалаеро хал карда метавонад??? Хулоса хело хандодед моро.

абдуллох
точик дар точико як макола хаст охири ханда гиря барои хамун камтар ханд дустам

Эмин
Ин Кабирию "Шурои сиёсиашро" бояд таъчилан аз Точикистон бадарга кард. Кабири дар интихобот чаро мардумро кидат кардию боз ба харзагуи даромади?

сури аз сурх
Точик,
хатто аз вазифадор сар карда то шахрванди катори аз баёни фикру андешаи худ боз дори мекунад.ки оё ба режим маъкул мешавад ё не.
хатто тв каналхо хам хомуши ро пеша гирифта буданд.
тарафи киргиз аз рузи аввал информатакаро сар карда моро дар назди дигарон гунахгор нишон доданд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)