Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:41

Шарипов: Ислом метавонад, ОМ-ро аз задухӯрди қавмию марзӣ наҷот диҳад

15 январ 2014, 18:08

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши Муҳоҷирони Тоҷик дар Русия аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, то мардуми ин минтақаро ба ҳам оваранд.

Дар номаи Шарипов, ки ба унвонии тамоми раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ирсол шудааст, омада, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз нобудшавии мардуми ин минтақа бар асари сар задани бархурди қавмӣ, бояд онҳоро ба ҳам оварду зери як мақсади сиёсӣ қарор дод. Раиси Ҷунбиши Муҳоҷирони Тоҷик дар Русия таъкид кардааст, “ҳоло замони пиёдасозии ҳадафи миллигароёни асри 20, ки мехостанд, мақсадҳои сиёсии сокинони Осиёи Марказиро ягона созанд, фаро расидааст." Ба гуфтаи Шарипов, мардуми ин минтақа танҳо дар сурате метавонанд аз хатари даргириҳои қавмӣ эмин бимонанд, ки манфиати ягона дошта бошанд.

Каромат Шарипов бар инаст, ки танҳо дини Ислом, ки аксари сокинони Осиёи Марказӣ пайравӣ аз он доранд, метавонад, дар ҳамгироии онҳо нақши калидӣ бозад. Ӯ мегӯяд, ин ду воқеае, ки рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар манотиқи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон, аз ҷумла тирпаронии марзбонони ду кишвар дар маҳалли Хоҷаи Аъло сурат гирифт, нишон додааст, ки нақшаи “ташкили минтақаи задухӯрдҳои қавмӣ” таҳти унвони “Балкани АвруОсиё” дар ҳоли пиёдашавист.

Ба назари Шарипов, Осиёи Марказӣ дар давоми садсолаи охир ҳамчун макони муборизаи қудратхоҳию тасаллутгароии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар АвруОсиё буду хоҳад монд: “Мутаассифона, таърихи ғамангези аҷдодони мо, шумораи зиёди хонҳои феодалии аз ҳам ҷудо ва задухурдҳои хориҷию байни ҳамдигарӣ, ки барои аҷнабиён имкон дод, то замини муқаддаси гузаштагонамонро аз худ кардаву, мардуми минтақаро таҳти раҳбарияшон қарор диҳанд, барои мо дарси ибратомез нашуд.”

"Номушаххасии хатти марзи кишварҳои панҷгонаи Осиёи Марказӣ, ки ҳангоми ташкили Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ба миён омадааст, ҳанӯз ҳам ба унвони баҳонае барои ихтилофандозӣ ва иддаои заминӣ ба ҳамдигар хидмат мекунад." афзудааст, Каромат Шарипов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Доро аз Душанбе

  • 15 январ 2014 23:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин гапи бехуда аст. Агар ислом муттахид мекард Ирок, Сурия, Афгонистон ва гайраро муттахид мекард.
Посух додан
  • эмомали аз кулоб

  • 16 январ 2014 10:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин шарипов тамоман аз дунье акиб мондааст.Ягон дин дар чахон миллатхоро муттахид накардаст.Хар як миллат номуси милли.маданият.тарих.забон.расму оини худро дорад.ки метавонад танхо як миллати муайянро муттахид созад.Халкро бо миллаташ мешиносанд на бо динаш.Мисол шуморо хамчун чамшуд мешиносанд вале чеченхоро намегунд.гарчанде харду як дин доред
Посух додан
  • Мухочир

  • 16 январ 2014 10:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардуми точику узбеку киргизу туркману казок дар гузашта зери як боми бузург,ки СССР ном дошт,зиндагй кардаанд ва шояд хамин ягонагии гузаштаи на он кадар дур дар якчоягй бо ислом(бо дарназардошти ягонагии мазхаб)дар ягонагй не,дар хамдигарфахмй ахамияте дошта бошад!Барои ин боз ин халкхоро лозим аст,кабл аз ягон нофахмии тарафайн е даргирй пеш аз хама аз равияву ягонагии дин,на аз гуногунии миллат андешаронй кунанд,вагарна Худо накунад,дар ин гуна низоъхое,ки чанде кабл байни марзбонони точику киргиз рух дод,ягон тавофука хосил нахохад шуд!Дагал карда гуем,бояд дилхо аз хама бугзу кина ва сиехихо тоза бошад!

Мардуми точику узбеку киргизу туркману казок дар гузашта зери як боми бузург,ки СССР ном дошт,зиндагй кардаанд ва шояд хамин ягонагии гузаштаи на он кадар дур дар якчоягй бо ислом(бо дарназардошти ягонагии мазхаб)дар ягонагй не,дар хамдигарфахмй ахамияте дошта бошад!Барои ин боз ин халкхоро лозим аст,кабл аз ягон нофахмии тарафайн е даргирй пеш аз хама аз равияву ягонагии дин,на аз гуногунии миллат андешаронй кунанд,вагарна Худо накунад,дар ин гуна низоъхое,ки чанде кабл байни марзбонони точику киргиз рух дод,ягон тавофука хосил нахохад шуд!Дагал карда гуем,бояд дилхо аз хама бугзу кина ва сиехихо тоза бошад!
Посух додан
  • Шариф

  • 16 январ 2014 11:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин шарипов девона шудаст, гапи бемънӣ ва бемантиқ
Посух додан
  • аҳмадчон

  • 16 январ 2014 12:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чавоб ,ба ДОРО ҳак ба чониби Каромат Шарипов ягона ин дини ислом метавонад тамоми милатҳои осиеи миенаро мутаҳид кунад ин дини ислом ҳамаи кавмпарстиву милатчигиро наҳй кардаст ин СУРИЯ ИРОКА ВА АФГОНИСТОНА душманони ислом намемонад мутаҳид шаванд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шариф,
Шумо худатон девона шу
даед на Шарипов
Посух додан
  • муаллим

  • 16 январ 2014 13:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сарчашмаи низоъхо дар ховари миена исроилу амрико аст ,мо хам агар гафлат кунем ба доми ин фитнахо хохем уфтод.дуруст аст ки дини Ислом вахдат офарин аст ,аммо вобата ба бардошти сахехи мо аз дини мубини Ислом аст.дар ин ки дини Ислом мояи вахдат ва хамдигар фахми мо мебошд чойи хеч шубха надорад.
Посух додан
  • Кова

  • 16 январ 2014 13:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Каромат Шариф мехохад Осиеи Миенаро на зери сакфи Ислом, балки зери сакфи Пантуркистон муттахид кунад ва ишорааш аз миллатгароени асри 20 хамон пантуркистон мебошанд, ки ибтидо хеле фаъол шуда буданд. Ин кадар сода набояд шуд, ки Каромат Шариф барои манфиати миллати точик ба ин амал даст задааст. Ин нома як игвои навбатии Каромат Шарифов ба зарари точикон ва ба манфиати пантуркистони реваншисти фашист мебошад.
Посух додан
  • Dev

  • 16 январ 2014 14:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Asri 21 , kapitalizm ki namehohad 1mln.-ash 2 mln. shavad? Hama. Karomat holo fakat ba "dastgirii" tojikon mashgul ast , hele hub mebud ba muhojironi tamomi Osijoi Mijona "kumak" kunad...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кова[b] Хеле дуруст кайд намудед. Замони хуручи навбатии амалинамоии идеология пантуркистон огози тоза гирифта истодааст, агарчанде, ки хечгох хомуш нагардидааст. Хар он кас, ки аз таърих хабар доштан мехохаду бахри миллати точик кори хайреро анчом додан мехохад, хатман бояд котобхоеро чун "Точикон" - и Бобочон Гафуров, "Пантуркизм" - и Мухаммадчон Шакури ва китобхои вобаста ба таърихи Рахим Масовро хонда киёс бояд намуд. Ана баъд агар Худованд лоик бубинад метавонед, хулосаи лозимиро нисбати холати кунунии Чахон аз чумла Точикистони азиз ва хамсояхои бадкирдорамон бароварда метавонед.
Худованд миллати мо ва халки моро сарбаланд бигардонад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухочир,
дустам шумо аз дунё акиб мондаед ки чунин суханхо мегуед.хазрати билол саомони форси аз кучо буданд ваяш хабаши дигараш форс буд аммо пайгомбарамон онхоро мегуфт аз оилаи ман хастанд. милатчиги бошад чаро худатонро мусалмон мегуед холо ки дини ислом дар арабистон пайдо шуд ва расули худо араб буд. шумо барин мусалмонхо исломро пароканда кардед

дар ирок сурия афгонистон чунин мусалмонхои нобовар ба ислом зиёд хастан ки боис мегардан ки ин мусалмонхо мутахид шаванд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!