Бахшҳо

“Шояд ғайриинтизор бошад, вале Эмомалӣ Раҳмон Худо нест!”

Марат Мамадшоев

Рустами Эмомалӣ, раиси хадамоти гумрук ва писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назди падараш Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот дод.

Ӯ гузориш дод, ки нақшаи пардохтҳои гумрукӣ барзиёд иҷро шуд ва писару падар ба назар розӣ менамуданд. Дигарон низ зоҳиран розӣ буданд.

Барои ман аҷоиб, ки кори якҷояи падару писар минбаъд чӣ гуна сурат мегирад? Оё раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ, ки дар дар тобеияташ аст, чун бо мансабдорҳои дигар муносибат мекунад? Ӯро монанди дигарон интиқоду оммавӣ сарзаниш мекунад?

Умуман оё дар ҷаҳон ҳаст падаре, ки кори фарзандашро мунсифона ва бетарафона баҳогузорӣ кунад? Ин суол ҷавоби қотеонаи манфӣ дорад- дар ҷаҳон падари беҳиссиёт ё худ робот нест. Танҳо Худо метавонад, бо офаридааш мунсифона ва аз рӯи адолат муносибат кунад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон Худо нест. Гарчанде барои бархе аз атрофиёнаш шояд ин ғайриинтизор садо диҳад.

Бесабаб нест, ки қонунгузории аксари кишварҳо фаъолияти хешовандонро дар як шохаи ҳокимият қатъиян манъ карда, онро як шакли фасод хондааст. Фикри омма низ дар бисёри давлатҳо мухолифи чунин тартиби оилавии хизмат дар давлат мебошад.

Албатта ҳастанд, шаҷараҳои оилавии бонкдорҳо, ҳунармандон ва тоҷирон, ки писар зери назорати падар нозукиҳои касбашро меомӯзад, то баъдан ҷойашро гирад. Аммо Тоҷикистон бонку фирма ё худ ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд нест, ки ба як оила тааллуқ дошта бошад.


Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст.
Мӯҳр
Гармнда
Кандата зан Марат сухани хакка ба гуши лаганбардоро расонди!

Саид
Холи аку расонахои давлативу фейкхову фабрикаи чавоб сар мекунанд тахкирхоро нисбати Марат!

МАНУЧЕҲР
100% дуруст мефармоед ҷаноби Мамадшоев!

FaSD
Дуруст, 100%! Ман хизматхои Э.Рахмонро барои ободии Точикистон эътироф мекунам, аммо одам бе камбуди намешавад. Намедонам ба ин марди шариф кихо "маслихат" медиханду, аммо ба мансабхои баланд таъин намудани фарзандону домоду хешовандони наздикаш кори ХАТО аст. Ин баръакс обуруи уро мерезонад. Кош ин сатрхои маро у мехонд..((((!

salim
офарин дарди дили бисёр мардони тарсуро гуфти
Худо нигахбон

Аличон
Чаро мумкин набудаст!? Рустам хам хукукхои конститутсионй дорад, ки ба ягон вазифа интихоб ва таъйин шавад. Футболбозиш маъкул, вале вазифадориш маъкул не мй? Хайр, бёед, уро аз чумхурй хорич кунем... Марата дилаш танг буд ва хамон хел мондаст.

Рустам
Ака метарсам дастгоху баъзе вазирону раисону шурои уламо хукм ба куфратон накунанд, зеро дар хакикат барои баъзеашон........

Дилшод
Ман ба мохияти матни боло кор надорам, зеро як сафсата аст, вале аз часорати журналистии Марат Мамадшоев дарак медихад.
Ман ба "Озодагон" кор дорам, зеро тарсу будани худро нишон додааст. Чи, магар ту часорат надори, ки махсус дар зери матн "Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст" навиштаи? Е магар хонандагон назари шахсии журналист будани онро намедонанд? Камтар мантикро риоя намо, охир!

Мубориз
Дар Точикисто хам конуне кабул карданд ,ки хешу табори мансабдорон зер тобеъ ё ба он сохахое ,ки кор мекунанд чалб нашаванд.Аммо ба Рхмонов ва ахли оилааш ин конунхо меъёр нестанд чун ,ки конун дар Точикистон барои мардуми одди навишта шудааст.

Dev
Ин матлаб назари шахсии муаллиф va 80 % mardumi Tojikiston ast !

абдул
Э.Р-албата ки худо нест,лекин дар назди атрофиёнаш акаи МАРАТ куфр варзидай :

Эхе, ин навигари ку!!! Нотавонбинони ба сиёсат олуда аз аробакаш то коршинос вокуниш додааст ку!!! Кандатона занед! Ёфтед фурсати муносиба ху?! Якумаш, ки ба хисоботи писари сарвари давлат коратон набошад! Дигар ин ки Рустам хамчун рохбари корхона хисобот додааст, на чун писари калони хонадон.
Шахсияти Маратро ман аз "А" то "Я" медонам. Мо якчоя дар як кишлок калон шудаем. Вай ба касалии рухи гирифтор буда, гох-гох аз акл бегона мешавад. Бовар надоред? Рафта доир ба хамин мавзуъ бо у сухбат кунед. Худатон биморияшро пай хохед бурд. Ман ба часорати "Озодагон" коилам, вале диловари маънои онро надорад, ки маколаи хар девонаро пахш сози! Масъулин ин мавод обруи шуморо коста месозад. Чунки ин агентии иттилоотиро беш аз 2 миллион точик мутолиа мекунад. Агар 5 нафар бемаънии бекор барои ин макола завк барад, бокимондаро нафраташ меояд. Хеч гап не барои конеъ кардани бовариятон рафта ба диспансери беморихои рухи мурочиат кунед. Бароятон девонагии "муаллифи часур"-атонро шарх диханд. Марат! Як бори дигар чунин маколаи аз акл берун менависи, саргузашти девонагиятро нукта ба нукта дар хафтаномаи дустдоштаам "СССР" ба нашр мерасонам.

Юрист
Мохрухсор,
Марат -девона
Додочон -девона
Умарали Кувватов-девона.
Пас биё хамаи Точикистонро девона ном мебарем.
Ва танхо Мохрухсор ва якчанд лагандбардор окилу доно!

абдул
Мохрухсор,
дар точикистон хаминхел :ДЕВОНА :-хо каманд
шумо барин солимхо аз хад бисьёред...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)