Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:03

Нусратулло Салимов гуфт, исқоти ҳамл дар Тоҷикистон афзудааст

16 январ 2014, 12:46

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 16 январ аз афзоиши ҳолатҳои исқоти ҳамл дар кишвар иттилоъ дод. Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, соли 2013 дар ҷумҳурӣ теъдоди исқоти ҳамл 22 дарсад зиёд шудааст, ки аз ин шумора 70 дарсадаш бачапартоии ғайриихтиёрӣ ё худ “викидиш” будааст.

Дар маҷмуъ, масъулини Вазорати тандурустӣ таъкид мекунанд, ки нишондоди фавти кӯдакони синни то 5-сола дар кишвар майли пастравӣ дорад: “Тадқиқоти тиббӣ-демографии соли 2012 нишон дод, ки фавти кӯдакони синни то 1-сола аз 46 ҳолат дар соли 2007 ба 34 фавт дар соли 2012 ва фавти кӯдакони синни то 5-сола аз 53 ба 43 ҳолати фавт нисбати 1000 зиндатаваллуд рост меояд.”

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ афзуд, ки таввалуд дар соли 2013 нисбат ба соли гузашта 19 ҳазор адад зиёд шудааст: “Асосан дар ноҳияи Балҷувон, минтақаи Рашт, ноҳияи куҳистони Масчоҳ зоиши хонагӣ зиёд аст. Дар шаҳри Душанбе 1 фоиз, дар вилояти Суғд 1,6 фоиз, дар ноҳияи Ишкошим 29 фоиз дар хона таваллуд мекунанд.”

Раҳматуллоев таъкид намуд, ки дар навоҳии дурдаст барои таваллуд дар хона ягон нафар маблағ намегирад: “Дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ барои таваллуд пул мегиранд, ман инро инкор намекунам, лекин дар ноҳияҳое, ки таваллуди хонагӣ зиёд шудааст, сабабаш дур будани роҳ ва нарасидани мутахассисон ва техника аст.”

Дар мавриди исқоти ҳамл Раҳматуллоев афзуд, ки ин ҳолати саломатии занҳо вобаста аст ва сабаби асосии исқоти ҳамл саломатии хуб надоштани занон аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!