Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:23

Истихроҷи ангишт ва истеҳсоли брикет дар Тоҷикистон меафзояд

12 май 2011, 04:52

Дар рӯзҳои наздик барои ангиштканон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноат, то охири соли ҷорӣ аз ҳисоби таҷдид ва васеъкунии корхонаҳои истеҳсолкунандаи ангишт ва ворид намудани техникаҳои корерӣ боз 121 ҷои нави корӣ ташкил мегардад. Гуфта мешавад, корхонаҳои соҳаи ангишт аз аввали соли равон то имрӯз истеҳсолу истихроҷи  ангиштро ба 24 ҳазор тонна расонидаанд, ки ин нишондод нисбати нақшаи пешбинишуда 22,6% зиёдтар аст. Аз ҳисоби зиёд кардани истихроҷи ангишт, ворид намудани техникаҳои корерӣ, истеҳсоли брикет ва ба кор даровардани иқтидорҳои нав дар корхонаҳои «Фон-Яғноб» ва ҶШСК «Ангишт» беш аз 40 ҷойи нави корӣ ташкил ёфт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!