Бахшҳо

Зиндонӣ шудани Собир Тоҷибоев, “дастпарвар”-и ал-Қоида

Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини ҷавони кишварро, ки гӯиё қасди иштирок дар нооромиҳои Сурияро доштааст, ба муҳлати 4 солу шаш моҳ равонаи зиндон кард.

Тибқи иттилои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ин ҷавони тоҷик, ки аз ӯ Собир Тоҷибоев ном бурда мешавад, дар ҳамдастӣ бо гуруҳҳои марбут ба “ал-Қоида” муттаҳам аст. Ба қавли манбаъ, Тоҷибоев аз соли 2008 то 2012 дар қатори “ҷанговарон”-и гуруҳҳои марбут ба созмони терррористии “ал-Қоида” дар Покистон тамрин дида, чанд бор дар ҷанги зидди нерӯҳои НАТО ва Амрико иштирок кардааст.

Кумитаи амнияти миллии кишвар мегӯяд, Собир Тоҷибоев соли 2012 бо ба даст овардани шиносномаи қалбакии афғонӣ мехост, тариқи убур аз марзи Покистону Эрон ба Сурия равад. Вале аз сӯи маъмурони амниятии Эрон боздошт ва соли 2013 бо дархости ҷониби Тоҷикистон ба ватан бозпас фиристода шуд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ се ҷавони тоҷик, аз ҷумла Сабриддин Ашӯрови 22-сола, сокини ноҳияи Ҳисор аз сӯи Додгоҳи олии кишвар ба иттиҳоми иштирок дар муборизаҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия ба мӯҳлати 2-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Қазияи ҳузур ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои дохилии Сурия ба як масъалаи баҳсбарангез ва нигаронкунанда табдил ёфтааст ва Аҳмад Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия низ гуфта буд, теъдоди тоҷикон, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)