Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:30

Изҳороти Зоиров алайҳи мақомоти қирғиз дар бораи тирпаронии 11 январ

16 январ 2014, 15:05

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо пахши як изҳорот назари худ дар бораи тирпаронии 11 январ дар марзи кишвар бо Қирғизистонро изҳор дошта, ҷониби Бишкекро дар иғвоангезӣ муттаҳам кардааст.

Дар ин изҳорот, ки дар саҳифаи шахсии Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ дар Фейсбук рӯзи 16 январ нашр гардид, омадааст, “мавқеъгириҳои Қирғизистон, аз ҷумла ҳизби “Ота-Макон”-и ин кишвар, ки дар таниши марзӣ ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор медонанд, аз воқеият дур мебошад.”

ҲСДТ гуфтааст, худи макони вуқӯи ҳодиса нишон медиҳад, ки дар ин задухӯрд аскарони тоҷик аввалин шуда, аз силоҳ истифода накардаанд. “Ин задухӯрд, ки миёни низомиёни ду тараф ба вуқуъ пайвастааст, на дар қаламрави Қирғизистон, балки дар манотиқи марбут ба Тоҷикистон сар задааст”,-гуфтааст ӯ. Аз ин рӯ, ба гуфтаи раҳбари ҲСДТ, дар ин бора на танҳо айбдор кардани ҷониби Тоҷикистон дар ин тирпаронӣ нодуруст мебошад, балки метавон изҳороти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ва Ҳизби “Ота макон”-ро, ки марзбонони тоҷикро дар қазияи мазкур муттаҳам медонанд, иғвоангезона номид.

ҲСДТ таъкид кардааст, дар ин қазия бояд ҳам мақомоти тоҷик ва ҳам қирғиз меъёру санадҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи якдигарро риоя намуда, ба равобити дӯстонаи мардуми ду кишвар латма ворид накунанд. Дар идома омадааст, бояд раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон ҳар чӣ сареъ дар фикри аломатгузории мунсифонаи хатти марзҳои ду кишвар бошанд: “Зеро тӯли чандин сол аст, мардуми ду кишвар ба хотири норавшании хатти марзҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Исфара ва Оқсой бо задухӯрдҳои қавмӣ рӯбарӯ шуда, аскарони ду ҷониб ҳар бор дар пиёда кардани ҳадафҳои иғвоангезонаи сиёсӣ сӯистифода мешаванд.”

ҲСДТ дар охир аз раҳбарону парлумон ду кишвар даъват кардааст, ки дар баробари иқдомоти марбут ба ҳифзу таъмини субот дар давлатҳои худ, дар фикри аломатгузории мунсифонаи зудтари марзҳо бошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин!! Аз забони Рахматуллои З. чунин гапхои нек хам мебаромадааст. Бисер фикри оли агар аз скидки дил бошад, боиси дастгирист. Дар хакикат агар тирпарони дар дохили ЧТ шуда бошад сад дар сад чониби Киргизистон гунахгор аст, чунки марзбонони точки албатта марзро нигохубин мекунанд. Агар тирпарони аз чонби точикхо хам шуда бошад дар ин маврид хам махз киргизхо гунахгоранд, чунки марзро убур кардаанд.
Посух додан
  • Чамик н.Восеъ

  • 16 январ 2014 16:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Рахматило мешудаст ку брат. Ана ин гапи дигар. Аз дигар хизбхохам хохиш мекунем ки хап нашинанд муши мурда барину гап зананд ин проблемаи Точикистон аст, на ин ки аз ХХДТ.Дар ин холатхо шиори хама барои як кас , як кас барои хама. Дар ин холат фикри ракобатпазирии хизбхои сиёсиро як тараф монда хама аз як гиребон сар бароварданамон лозим.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!