Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:59

Ҳушдори Хадамоти муҳоҷират аз зуҳури гуруҳҳои фиребгар дар Тоҷикистон

16 январ 2014, 16:38

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар қаламрави кишвар гуруҳҳо ва афроди алоҳидае пайдо шудаанд, ки ба ивази маблағ ба шаҳрвандон дар бораи ихроҷашон аз Русия маълумоти беасос пешниҳод мекунанд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, гуруҳҳои алоҳида аллакай дар ноҳияи Ҳисор, Шаҳринав, Қумсангир ва навоҳии дигар аз сокинон аз 30 то 50 сомонӣ гирифта, барояшон дар бораи иҷозаи вуруд ба Русия иттилоъ медиҳанд: “Ин аз ноогоҳии шаҳрвандони мо сурат мегирад. Борҳо эълон кардем, ки иттилоъ дар бораи манъи вуруди ин ё он шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия ройгон дар фурудгоҳи Душанбе, дафтарҳои Хадамоти муҳоҷират ва худи сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия пешниҳод мешавад.”

Қодирӣ таъкид намуд, ки таваҷҷуҳ ба иттилоъ дар бораи иҷозаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия баъди пурзӯр шудани қонунгузории Русия дар умури муҳоҷират афзоиш ёфт. Ин масъул афзуд, ки аз аввали соли 2014 муҳоҷиран бояд дар муддати се моҳ дар Русия аз қайд гузаранду иҷозаи корро дастрас кунад: “Дар акси ҳол бояд ба Тоҷикистон баргарданд. Инчунин назорати қайди муҳоҷирон дар Русия пурзӯр шудааст.”

Дар маҷмуъ ба гуфтаи Қодирӣ баробари ФМС ва ФСБ-и Русия 11 ниҳоди ин кишвар ҳақ доранд, монеи вуруди хориҷиён ба Русия гарданд. Ӯ таъкид намуд, ки феълан зиёда аз 72 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • точик

  • 16 январ 2014 22:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Русхоро барои 3о сол дао точикистон бо тиру тупу танку зану фарзандашон биёреду шарм надошта боз ин гапхоро гуед. Инро лоймоли мегуянд
Посух додан
  • Мухочир аз Питер

  • 17 январ 2014 08:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз дасти инхо ягон кор намеояд. Мо худамон корхоямонро анчом медихем.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!