Бахшҳо
09 авг 2011 08:51Сӯҳбати рӯз

Рустами Ҷонӣ: Таъсиси радиои «Имрӯз» идеяи як нафар буд, касе бо ман паҳлӯ ба паҳлӯ ин идеяро ба вуҷуд наовардааст.

Радиои мустақили мавсум ба «Имрӯз» 4 сола шуд. Барои аввалин маротиба   барномаи нахустини ин расона 9-уми августи соли 2007 рӯйи мавҷи 107,4 FM дар Душанбе пахш гардида буд. Тӯли чор соли фаъолият дар фазои иттиллотии кишвар ин расона тавонист ҳаводорони зиёдеро пайдо кунад. Дар арафаи таҷлили чорсолагии радиои мазкур хабарнигори «Озодагон» бо Рустами Ҷонӣ, сарвари кулли ширкати «Ориёно-Медиа», ки муассиси радиои «Имрӯз» маҳсуб мегардад, мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод. Инак, фишурдаи онро пешниҳоди шумо мекунем.   Озодагон: Аввалан шуморо ҳамчун сарвари радиои «Имрӯз» ба 4-солагии он табрик мегӯем. Ва ҳоло бигӯед, ки идеяи таъсиси як чунин расона кай пайдо шуд ва ҳадаф аслан чӣ буд?    Рустами Ҷонӣ: Идеяи таъсиси шабакаи хусусӣ чор сол пеш пайдо шуд. Мақсад аз таъсиси он ба вуҷуд овардани як радиои иттилоотӣ буд. То он вақт ҳамаи радиостансияҳое, ки таъсис  ёфта буданд, расонаҳои фароғатӣ-мусиқӣ буданд. Мо зарур ҳисобидем, ки як радиое таъсис диҳем, ки ҳар як 15-дақиқа пас барои мардум иттилоъ расонад. Чунки мо иттилоъро зарур меҳисобидем ва имрӯз ҳам дар ҳамин ақида ҳастем, ки иттилоъ қобили он аст, ки дар ҷомеъа дигаргуниро ба вуҷуд биёрад. Ҳар як фарде, ки мехоҳад имрӯз ҷомеааш гирифтори якрангӣ набошад, тасмим мегирад, ки ҳамин якрангиро барҳам занад  ва мо ин тасмимро гирифтем. Озодагон: Дар саргаҳи таъсиси ин кор, яъне созмон додани радиои «Имрӯз» киҳо ба шумо буданд?Рустами Ҷонӣ: Дар созмон додани ин радиостансия асосан ягон нафаре набуд, ки бо ман паҳлӯ ба паҳлӯ ин идеяро ба вуҷуд оварда бошад. Баъдан нафароне, ки дар радиои мазкур кор мекарданд, барои ташаккулли ин радиостансия ва шаклан дигар кардан хизмат карданд. Ин идеяи як нафар буд, аммо шакл гирифтан ва соҳиби шунаванда шуданаш хизмати ҳайати дастаи 24 нафараи коргарон  мебошад.    Озодагон: Радиои «Имрӯз»-и соли 2011 аз радиои «Имрӯз»-и 2007 фарқи куллӣ дорад, тафовут ба назари шумо дар чист?   Рустами Ҷонӣ: Радиостансия агар якнавохт бошад ва дар як ҷо истад, вай оянда надорад. Радиои «Имрӯз» ҳам ҳамин гуна аст, ҳар рӯз тағйир мепазирад ва ҳеч гоҳ радиостансияи имрӯзро ба дирӯзи он муқоиса карда намешавад. Бинобар ҳамин ман фикр мекунам, ки инро шунавандагони радиои «Имрӯз» ба хубӣ эҳсос карданд, ки радиои имрӯз аз дирӯз чӣ фарқ дорад. Албатта барномаҳои нав пайдо шуданд.  Радиои «Имрӯз»  9-уми августи соли 2007 таъсис ёфт ва имсол 4 сола шуд. Агар ман ҳоло гуям, ки радиои соли 2007 аз радиои «Имрӯз»-и соли  2011 ягон фарқ надорад, ин як фикри бемантиқ мебошад ва радиостансияе, ки давоми 4 сол тараққӣ накардаасту дигар нашудааст пас ӯ чӣ гуна метавонад, даъвои онро дошта бошад, ки воқеан дар фазои иттилоотӣ саҳм дорад. Албатта, тарзи пешниҳоди барномаҳо тағйир ёфтаанд, базаи мусиқӣ дигар шуд ва ҳайати эҷодӣ низ дигар гардид, яъне рӯз то рӯз дар тағйирёбӣ мебошад. Муҳим он аст, ки радиои «Имрӯз»  бо як шеваи зиндагии мардум табдил ёфт ва мардум аз он барои таъмин намудани ниёзҳои иттилоотии худ истифода мекунанд. Озодагон: Радиои «Имрӯз» он ҳадафҳое, ки дошт имрӯз ба он ҳадафҳо расид?Рустами Ҷонӣ: Вақте ки шахс мегӯяд, ки ман ба ҳадафи ниҳоиям расидам, фикр мекунам, эстафетаи ӯ тамом мешавад. Новобаста ба оне ки ӯ роҳбари як идора аст, ё эҷодкор. Ҳамчунин дастгоҳи иттиллотӣ низ ҳеч гоҳ наметавонад аз оғоз то ба анҷом як ҳадафи ягона дошта бошад. Ҳар рӯз ҳадафҳо тағйир меёбанд, мақсадҳои нав пайдо мешаванд. Радиои «Имрӯз» ҳамин гуна аст, ҳадафҳои он вобаста ба ниёзҳои ҷомеъа тавлид мешаванд. Озодагон: Чаро формати ахбор (шеваи пахши он) тағйир ёфт?Рустами Ҷонӣ: Албатта, ҳама шоҳиди он будем, ки радиои «Имрӯз» мавриди фишору тазъиқ қарор гирифт. Ҳоло ҳама мехоҳанд, ин тағйирёбии форматро марбут ба он донанд, ки радиои «Имрӯз» аз интиқод даст кашид бошад. Не, радиои «Имрӯз» ҳанӯз ҳам ҳамон самтеро, ки интихоб карда буд, бо он меравад. Аслан гӯем, самти мо он қадар ахборӣ нест, мо хабарҳои муфассалтар пешниҳод мекунем. Хабарҳое, ки миёни гузориш ва хабари кӯтоҳ ҳастанд, таҳия мекунем ва дар мӯҳтавои ин хабарҳо мо матнро ба самъи мардум мерасонем. Мо ба хулосае омадем, ки барои мардум танҳо таъмини фактҳо (далел) кифоя мекунад.  Чунки дар таҷрибаи пешин мо ҳадафи омӯзандагӣ доштем, ҳанӯз мардум омода набуд, ки ҳар як 15 дақиқа гузоришу хабар бишнавад. Лекин мо ин корро кардем, ин формат ҳануз маълум набуд, ки аз ҷиҳати молӣ ниёзҳои ширкатро таъмин мекунанд ё не, бинобар ҳамин марҳилаҳои дигар падид омад, яъне мо ба хабарҳои  кӯтоҳ гузаштем. Аз имсол  радиои «Имрӯз» боз тағйироти мавзӯъӣ мебинад. Имрӯз таҷрибаҳо нишон доданд, ки акнун мардум тамоман ба шакли нави радиои иттилоотӣ ниёз дорад ва шунавандаҳо дар рӯзҳои наздиктарин шоҳиди он мешаванд, ки он тағйиротҳои  чӣ аст?  Озодагон: Сабаби чанд бор мутаваққиф шудани фаъолияти радио дар чӣ буд?   Рустами Ҷонӣ: Аввалан, дар оғоз касе аз мақомот омода набуд, ки ҳарфи ростро шунавад, ҳамчунин дастгоҳи иттилоотие набуд, ки рост гӯяд. Ин рост гуфтан ба зарари бисёр шахсони алоҳида буд. Албатта, ин шахсони алоҳида чун душмани ростгуӣ намехостанд, ки чеҳраи онҳо боз шавад ва ин ростгӯиҳо ба бисёриҳо намефорид. Имрӯз баъзе мақомоте ҳастанд, ки ба матбуоти озод бо як назар ва рӯҳияи ташвишомез баҳо медиҳанд. Ҳанӯз ҳам дар мафкураи онҳо матбуоти озод омили бенизомӣ дар ҷомеъа аст. Ин дар заминаи он ақидаҳое гуфта мешавад, ки гуё маҳз ҳаракатҳо ва фаъолиятҳои журналистика дар солҳои 90-и асри гузашта заминаҳои ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст. Ман инро бо камоли масъулият андешаи бемантиқ медонам. Ҳеч гоҳ журналист омили ба вуҷуд омадани ин ҷанг набуд, аммо бархе аз сиёсатмадорон ҷои он ки ин айбро дар фаъолитҳои худ ҷустуҷӯ кунанд, кӯшиш мекунанд, ки ин айбро ба гардани як гурӯҳ ва табақае, ки зарфияту тавоноиаш камтар аст, бор кунанд.   Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)