Бахшҳо
17 янв 2014 11:23Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Раиси "ЖКХ"-и Тоҷикистон: Писарам дар садамаи маргбор гунаҳкор нест

Алимурод Тағоймуродов, раиси корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” писарашро дар садамаи ахир, ки ду кушта барҷой гузошт, гунаҳкор намеҳисобад.

Тағоймуродов, имрӯз, 17-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба садамаи бегоҳи 23-юми ноябри соли 2013, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар километри 35-ум дар ҳудуди деҳаи Элок бо иштироки писараш Бахтиёр Тағоймуродов сар зад, дахл карда, гуфт писараш дар ин садама на гунаҳкор балки ҷабрдида аст: “Ин, ки мегӯянд, гӯиё писарам дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, дурӯғи маҳз аст, зеро ӯ арақ наменӯшад. Боқӣ писарам 31-сола аст ва агар гунаҳкор бошад, бигзор мақомот ӯро қонунан ба ҷавобгарӣ кашанд.”

Тағоймуродов афзуд, ки писараш феълан дар озодӣ буда, дар беморхона табобат мегирад.

Қаблан Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шоҳроҳи Душанбе Кӯлоб ронандаи автомобили «Тайота Ландкрузер», Бахтиёр Тағоймуродов, ки писари Алимурод Тағоймуродов, собиқ раиси ноҳияи Восеъ, муовини раиси Хатлон ва айни ҳол мудири кулли корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошад, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи "Мерседес-Бенз", таҳти идораи ронанда Максим Зохови 27-сола бархӯрдааст.

Ба иттилои БДА дар пайи ин бархӯрд, Мерседес ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо «Опел Астра» бармехӯрад, ки дар натиҷа ду мусофири мошини "Опел Астра" ба ҳалокат мерасанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бовар кардем бачахои шумо гунахкор нестанд чи хеле ,ки бачаи Хукумов гунахкор нест хамуно гунахкоранд ки дар мошини бачахои шумо мезананд .

о ака ту аку зики бад нашав дееее 120 сомони спору бху бгад хукумова телефон накади у мардака бин 120 сомон супурд аку бо расулбача калян дуд када гаштаистай

Созай хай боварут кардем ..Лигот кати худут 60 сомон месупори..)))))

Чихел маст набудаст? навори Азия -плюс нишон дода буд. писараш гуфт ки ман нушидаги. дуруг нагу бехтараш 120- тею хок напош.

OLI saud
ютуба тамошо кн бачат ба по намедорад фикр мекни мо кару кур хастем ё худат намебини айнакта бмону даро бубин

абдул
оё фарзандхои чиновникхои Р,Т гунахгоранд.
инхо фариштахо дар сурати фарзанди чиновниканд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)