Бахшҳо

Азми Тағоймуродов барои боло бурдани нархҳои коммуналӣ

Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон, ки ба истиснои Душанбе хизматрасонӣ дар дигар навоҳии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, аз ният барои боло бурдани нархи хизматрасониҳо дар кишвар хабар дод.

Алимурод Тағоймуродов, роҳбари кулли “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” имрӯз, 17-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе зарур хонд, ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ дар навоҳӣ боло бурда шавад. Ӯ хизматрасонии оби ошомиданиро дар навоҳии кишвар мисол овард, ки арзиши аслии он 2,2 сомониро ташкил медиҳад: “Аммо мо аз шаҳрвандон дар навоҳии Тоҷикистон ҳамагӣ 80 дирам ҳаққи обро мегирем, ки барзарар аст.”

Тағоймуродов афзуд, ки феълан корхонаи зертобеяш дар ҳаҷми 168 миллион сомонӣ қарздор аст ва барои баргардондани он ҳадди ақал зарур аст, ки нархи хизматрасониҳо аз 20 то 30 дирам боло бурда шаванд.

Ӯ таъкид намуд, ки барои таъмини пурраи мардуми Тоҷикистон бо оби ошомидании тоза 1 миллиарду 700 миллион доллар зарур аст: “Феълан дар кишвар бо оби тоза ҳамагӣ 48,6 дарсад таъминанд.”
Мӯҳр
ташна аз водопровод
Хой Тагаймуродов!!! дар Точикистон аз ошенаи дуввум боло об нест, оби гарма ку мардуми минтакахо фаромуш кардаанд, ки чи аст, системаи гармидихи ку чои гап надорад, бо нарха боло бурданиед???? наход карзи мардум аз карзи хочагихо боло бошад???? канд занед, офаринатон, охирин пули мардума шумо кашида гиред!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)