Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:16

Барканории Абдулҳақ Оев ва Санавбар Раҳимова, муовинони Убайдуллоев

17 январ 2014, 12:00

Абдулҳақ Оев, муовини Маҳмадсаид Убайдуллоев -- шаҳрдори Душанбе дар умури роҳ аз мақомаш барканор шудааст. Оқои Оев дар соли гузашта борҳо аз тарафи раиси шаҳри Душанбе огоҳӣ гирифта буд, ки дар сурати ҳал накардани мушкили роҳу нақлиёти пойтахт аз кор ронда хоҳад шуд. Вале худи Абдулҳақ Оев мегӯяд, ба далели аз ҳад зиёд будани кораш чор бор аризаи худро навишта буд.

Бино ба хабарҳое, ки дастраси "Озодагон" шуд, ҳоло Низом Ҳакимов, вазири собиқи нақлиёт, ба ҷои Абдулҳақ Оев таъин шудааст. Ҳакимов тайи бештар аз 2 сол дар мақоми вазири нақлиёт фаъолият дошт.

Ӯ 4 октябри соли 1962 дар ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ба дунё омада, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо тахассуси иқтисодчӣ (баҳисобгирии бухгалтерӣ) ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ (роҳҳои автомобилгард ва бандарҳои ҳавоӣ) хатм кардааст. Оқои Ҳакимов тӯли солҳои 2001-2011 директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо буд.

Бар пояи иттилои манобеи "Озодагон", Санавбар Раҳимова, муовини дигари шаҳрдори Душанбе, низ аз мақомаш барканор шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Низом Хакимов хам ачоиб будааст!Аз вазири ба курсии мовини раиси шахри Душнбе нишаст. Охир уро агар бе камбудии чидди гирифта бошанд,чаро рози мешавад дархаркучо ки хоханд парянд уро! ё бевазифа монад, ба касали гирифтор мешавад? Душвор аст одат кардан ба вазифа, одам аз хама чиз махрум мешаад охир! Муборак бошад чаноби Хакимов! Бевазифа нагардед!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Хакимов табрик ба кори наватон.Шумо дар наклиет буден хамаи рох соз буд ба ин хам рахмат! Якбори дигар табрик
Посух додан
  • vahdat

  • 17 январ 2014 19:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаноби Абдулхак Оев зик нашавед шумо насиб бошад вазир мешавед .шукрона кунед
Посух додан
  • Нобетараф

  • 18 январ 2014 00:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мехохам фахмам: хами Убаидуьлоев чанд сол шуд дар вазифай ва чаро уро алиш наменан?!!!
Посух додан
  • карим

  • 20 январ 2014 09:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
такалубкори дар кори хам рохбарон дида мешавад аммо на хамаашон аз макомашон барканор мешаванд...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!