Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:43

Оҷонсӣ: “Барқи тоҷик” бе асос мардумро қарздор нишон медиҳад

17 январ 2014, 13:14

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар рафти санҷиши сохторҳои собиқ Вазорати энергетика ва саноат ба маблағи 27,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардааст, ки зиёда аз 60 фоиз ё худ 16,9 миллион сомонии он ба ширкати “Барқи Тоҷик” рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, зимни тафтиш муайян шудааст, "Барқи тоҷик” ҳаққи барқро аз мардум ҷамъ карда, вале дар ҳисоботҳояш мардумро барзиёд қарздор нишон медиҳад: “Омўзиш ва таҳлили сабабҳои зиёдшавии қарзи аҳолӣ аз истифодабарии қувваи барқ дар ҶСК «Шабакаи барқии Душанбе» муайян намуд, ки дар асл қарзи муштариёни шаҳри Душанбе ба ҳолатҳои 1 январи соли 2012 маблағи 39,4 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2013 маблағи 62,9 млн. сомониро ташкил медиҳанд, вале ин қарзҳо дар ҳисоботҳои муҳосибӣ беасос 2-3 баробар зиёд нишон дода шуда, мутаносибан ба маблағи 96,8 млн. сомонӣ ва 120,6 млн. сомонӣ сабт карда шудаанд.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан хабарнигори “Озодагон” беасос будани қисме аз қарзҳоро, ки гӯиё мардум дар назди ин ширкат доранд, дар нишасти матбуотии қаблии ин ширкат ба миён гузошт ва далел овард, ки тибқи ҳисобҳои “Барқи тоҷик” ҳар як муштарӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон аз барқ ба ҳисоби миёна ҳудуди 400 сомонӣ қарздор аст. Дар ҳоле ки муштариёне, ки миёни мардуми Тоҷикистон аз барқ ҳамин қадар қарз доранд, ангуштшуморанд.

Дар посух Абдулло Ёров, собиқ раиси “Барқи тоҷик” эътироф намуд, на ҳамаи қарзҳо, ки гӯиё мардум дар назди ин ширкат доранд, асосу суроға доранд. Ӯ гуфт, агар суроғаи ҳамаи ин қарзҳоро кобем, муштариёнеро, ки дар маҷмуъ ҳамин қадар қарздор бошанд, намеёбем: “Ин ҳаҷми қарзу ҳисобу китобҳо аз солҳои пешӣ омада, ҳамин тавр рафта истодаанд.” Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши “Барқи тоҷик” аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми марти соли 2013 аз барқ 355,5 млн сомонӣ қарздор мебошанд, ки нисбат ба 1.01 соли 2012 ба маблағи 70,5 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар маҷмуъ ба гузориши "Барқи тоҷик" қарзҳои дебитории корхона ба ҳолати 1 марти соли 2013 маблағи 863,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали солҳои 2012-2013 мутаносибан ба маблағи 242,6 млн. сомонӣ ва 91,8 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, он асосан аз ҳисоби пардохт нагардидани қувваи барқи истифодашуда аз тарафи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об, корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ва аҳолӣ ба амал омада, сол то сол тамоили зиёдшавӣ дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • муштари

  • 17 январ 2014 13:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пули барк касру кушкхои бохашамату мошинхои 100000$ доларада сарф шудааст. Корупсия кор кун.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Болотар хонед ду вилояти Авгонистонро барк медиханд хаму пула аз халки хтон гирен барк тиен намешавад
Посух додан
  • Ватандор

  • 17 январ 2014 19:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фатох Саидов ва Абдулло Ёров хакикати гапро гуфтаанд. Аммо савол чунин аст, ки чаро Абдуло Ёров дар давраи раиси “Барқи тоҷик” буданаш ин камбудии (хисоботхои) бардуруги фаъолияти кории худро ислох накард ва ё ин хисоботхои аз хисоби барк карздор намудани аҳолии чумхуриро хамчун супориши ичро намуд. Ин саволхест, ки чавоб мехохад.
УРТОК Абдулло Ёров!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман боварии комил дорам, ки аз ширкати Барки Точик на ахолии махалли балки корхонахои калони Точикистон карздоранд ва ин то хол идома дорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шумо ба чои онки мардумро дасгири кунед баракс мардумро карздор мекунед шармандаги
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бе асос боша, тафтиш кунен. Халк набоша, чи кор мекарда бошен а. Кай кор мекунен, шумо. Э Парвардигор, и чи хел кору бор боша.
Посух додан
  • rahmon

  • 19 январ 2014 01:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом Озодагон! кумитаи андоз омад ва гуфти ки шумо аз солхои пешина карздор хастед гази точик омад гуфт аз солхои пешин карздор хастед ва инак навбати барки точик Ман чи гуфтаниям онхо меоянд мегуянд ки квитансияи соли 80 ум ро доред ! албатта хеч кас надорад баъд мегуянд ки шумо карздор ба фикри ман ки хар дафъа раисхо вазифа харанд бояд пули креслоро бароранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хамоно як чизро намефахмам, чи гуна ахоли аз кувваи бар ба ин микдоре, ки масъулони "Барки точик" ракам мезананд, карздор бошанд. То чое медонам, дар чанд нуктахои пули барксупори маъруф ба хазинахои Амонатбонк хамоно ду се катор барои супурдани пули барк навбат меистанд. Хуб мешуд, ширкати "Барки точик" ва "Шабакаи барктаъминкунии шахри Душвнбе" дар бораи напардохтани музди мехнати 3 мохаи кормандонаш харф мезаданду дар хузури рузноманигорон ин казияро шарху эзох медоданд. Фикр мекунам, агар рузноманигорони "Озодагон" хамин казияро пайгири намоянд хеле хуб мешуд.
Озодагон, илтимос чоп кунед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!