Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

Мурофиаи Маханов 20 январ паси дарҳои баста мегузарад

17 январ 2014, 14:31

Парвандаи як гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ ба раҳбарии Алимурод Маханов барои баррасӣ ба Додгоҳи Олӣ исрсол шуда, нахустин мурофиаи он 20-уми январ, пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ дар назар аст.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Сорбон Каломов, яке аз аъзои ин гуруҳ хабар дод.
Умед Бобоҷонов, вакили мудофеи Маханов, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ки хулосаи тафтишоти парвандаи Алимурод Маханов, ки аз ҷониби Кумитаи амният ба итмом расида, 24 декабр ба Додситонии кул ирсол шуд: “Дар рафти тафтишот Алимурод Маханов худро қисман гунаҳгор дониста буд.” Айни ҳол Маханов барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, терроризм, бо худ гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда муттаҳам дониста мешавад.

Алимурод Маханов ва ҳамроҳонаш дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябр боздошт шуданд. Худи ӯ дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.

Мақомот мегӯянд, Алимурод Маханов то замони боздошташ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чандин таркишҳоеро анҷом дода, аз ҳуҷраҳои ба иҷора гирифтаи аъзои гуруҳ аз кӯчаҳои Фучик ва Неъмат Қарабоеви Душанбе ду таппончаи тамғаи Макаров бо тирдон, адабиёти динӣ-ифротӣ, нақшаҳои тарзу усули омода ва таркондани маводҳои тарканда, сару либоси ҷангӣ, ноқилҳои гуногун ва камарбандҳои интиҳорӣ низ ёфт шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!