Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:34

Чангу ғубори Тоҷикистон аз Эрону Афғонистон омадааст

9 август 2011, 09:07

Аз 9-ум то 15-уми августи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои камабру бебориш пешгӯи карда мешавад, дар баъзе ноҳияҳо шамол шиддат гирифта,  чангу ғубор ба амал меояд.


Тавре Парвина Саидҷамолова сардори маркази пешгӯйи боду ҳаво ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 22-27 дараҷа,  рӯзона 37-42 дараҷа гарм мешавад, дар вилояти Суғд шабона 21-26   рӯзона 33-38, дар ноҳияҳои тобеъи марказ бошад, шабона 17-22 дараҷа, рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорат дар ғарби ВМКБ шабона 16-21дараҷа, рӯзона 30-35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят бошад шабона 3-8 дараҷа, рӯзона 25-30 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар Душанбе шабона 15-20 дараҷа, рӯзона 36-38 дараҷа гарм мешавад.    

Манбаъ афзуд, сабаби чанголудшавии ҳаво дар рӯзҳои охир дар Тоҷикистон, шиддат гирифтани шамоли ғарбӣ ва аз ҷониби Эрон ва Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид шудани чангу ғубор мебошад. Дар назар аст, ки  рӯзҳои наздик ҳаво чун пештара муътадил гардад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!